Нишони нуқра ва биринҷии паҳлавонони тоҷик аз Анталия

Нишони нуқра ва биринҷии паҳлавонони тоҷик аз Анталия

Нишони нуқра ва биринҷии паҳлавонони тоҷик аз Анталия

Паҳлавонони Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 ширкат карданд ва ду тан аз онҳо ба гирифтани медал мушарраф гардиданду яке ҷойи 5-умро касб кард. Дар рўзи якуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 ҷудокорони тоҷик Эмомалии Нуралй ва Обид Ҷебов зери вазни то 66 кг аз худ ҳунару маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани медалҳои мусобиқа даст ёфтанд.

 

Эмомалй барандаи нишони тилло ва Ҷебов барандаи нишони нуқраи вазни то 66 кг шуданд. Обид Ҷебов дар даври аввал ҷудокори мизбон Миҳрак Аккуси 23-сола, дар даври дуюми Рашад Йелкийеви озарй, дар даври сеюм Орландо Поланкои кубагиро мағлу кард. Дар даври чорякниҳой бахт ба рўи Обид Ҷебов нахандид ва ў аз Валид Кяри фаронсавй мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Ҷебов дар даври тасаллобахш бар Нармандах Байанмунх аз АМА дар 14 сония пирўзй ба даст оварда, дар мубориза барои нишони биринҷй Муҳаммад Демирели мизбонро дар 44 сония бо имтиёзи иппон шикаст дод. Эмомалии Нуралй (-66 кг) дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм Элиос Манзии итолиёвй, дар даври сеюм Ҳаким Оғомаммедови туркман, дар даври чорякниҳой Ойбек Уғлуи қирғиз, дар даври нимниҳой Муҳаммад Демирели мизбонро шикаст дода, ба финал баромад.

Дар финал аз қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпй Ҳифуми Абеи 26-сола аз Ҷопон мағлуб шуда ва бо нишони нуқраи мусобиқа иктифо кард. Ба ҷуз аз Абубакр Шеров (-73 кг), ки ҷойи 5-умро гирифт, дигар варзишгарони Тоҷикистон - Аҳлия Муминова, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Умедҷон Раҷабов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов ноком шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд. Тоҷикистон бо як нишони нуқра, як нишони биринҷй ва як мақоми панҷум мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024-ро ҷамъбаст кард. Ҷопон бо 5 нишони тилло, 1 нишони нуқра ва 2 нишони биринҷй дар феҳраст мақоми аввалро ишғол кард.

 

Пресса.тж

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...