ФИФА: 18- довар аз Тоҷикистон вориди рӯихати доварӣ соли 2026 дохил шуд

ФИФА: 18- довар аз Тоҷикистон вориди рӯихати доварӣ соли 2026 дохил шуд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) феҳристи расмии ҳакамонро барои доварӣ мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2026 эълон намуд.

 

Нисбат ба соли сипаригардида, шумораи ҳакамон барои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Ба феҳристи ФИФА 18 доварӣ кишварамон мо ворид шуданд, ки ҳафт доварӣ ФИФА, ҳашт дастёри доварӣ ФИФА ва ду доварӣ футзали ФИФА мебошад.

Ғайр аз ин, чаҳор доварӣ тоҷик – Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Амирҷон Хоркашев ва Зуҳал Хуҷаназарова ба феҳристи расмии видеоҳакамони ФИФА дохил карда шуда, иҷозат доранд мусобиқаҳои байналмилалиро ҳамчун довар қазоват намоянд.

Рӯйхати расмии ҳакамони тоҷик барои доварии мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2026 чунин мебошад:

Доваронӣ ФИФА: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе), Насрулло Кабиров (Норак), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Амирҷон Хоркашев (Душанбе), Нодира Мирзоева (Душанбе), Наталя Сотникова (Душанбе).

Дастёрони ФИФА: Акмал Буриев (Турсунзода), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе), Ҳасан Каримов (Норак), Фарҳод Куралов (Душанбе), Вафо Қараев (Шаҳринав), Исмоил Нуралиев (Норак), Ғайрат Рӯзибоев (Шаҳринав), Дилшода Раҳмонова (Душанбе)

Доваронӣ ФИФА аз футзал: Сӯҳроб Сатторов (Турсунзода), Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).

Видеоҳакамон: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе), Абдулло Давлатов (Шаҳринав), Амирҷон Хоркашев (Душанбе), Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...