Голи зудтарин, хет-трик ва истеъфои сармураббӣ дар Лигаи олӣ

Голи зудтарин, хет-трик ва истеъфои сармураббӣ дар Лигаи олӣ

Голи зудтарин, хет-трик ва истеъфои сармураббӣ дар Лигаи олӣ

Дар даври сеюми Лигаи олии Чемпионати футболи Тоҷикистон ду бозӣ бо пирӯзии соҳибони майдон, ду бозӣ бо ғалабаи меҳмонон ва ду бозии дигар мусовӣ анҷом ёфт.

 

Дар бозии аввали ин давр «Ҳосилот» дар майдони худ аз «Эсхата» бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Сипас, «Панҷшер» ҳам дар майдони худ аз дастаи «Истравшан» бо натиҷаи 1:3 ноком шуд.

«Барқчӣ» аввалин пирӯзии худро дар Чемпионат ҷашн гирифт. Футболбозони шаҳри Ҳисор дар майдони худ ба дарвозаи «Вахш» як голи беҷавоб заданд. Рӯйдоди муҳими дигари даври сеюм — ин истеъфои сармураббии дастаи “Вахш” Тоҳир Муминов буд. Ин аввалин истеъфои сармураббӣ дар мавсими нави Лигаи олӣ буд.

Дастаи «Истиқ-лол» ҳам дар майдони худ бар дастаи «Кӯктош» бо ҳисоби бузурги 6:0 пирӯз шуд. Аввалин хет-трики мавсим ҳам дар ҳамин бозӣ ба қайд гирифта шуд, ки онро легионери «Истиқлол» Элике ба самар расонд. Дар ин вохӯрӣ зудтарин голи мавсимро Алишер Ҷалилов дар сонияи 23-юми бозӣ зад.

Бозиҳои КМВА бо «Равшан» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Хуҷанд» мусовӣ, бе задани гол ба охир расиданд.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...