Кадом Витаминҳо дар зимистон заруранд?

Кадом Витаминҳо дар зимистон заруранд?

Дар фасли зимистон меваву сабзиҷоти тару тозаро дастрас кардан душвор аст, бинобар ин, ҷисми инсон аз норасоии витаминҳо азият мекашад. Аз ҳамин сабаб саломатӣ бад шуда, мо ба пурхӯрӣ роҳ медиҳем. Зеро ҷисми инсон барои дастрас намудани моддаҳои даркорӣ ҳатто аз хӯроки бевитамин низ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҳамин ҷо сар мезанад эҳсоси руҳафтодагӣ ва инсон бештар ба гирдоби яъсу ноумедӣ ғӯттавар мегардад.

 

Дар рӯзҳои сарди зимистон ҳатман истеъмол намоед:

ВИТАМИНИ А. Бар замми он ки витамини А нури чашмро ҳифз менамояд, боз хусусияти зиддиилтиҳобӣ дошта, муқовимати ҷисмро нисбати вирусу бактерияҳо пурзӯр месозад. Миқдори кофии витамини А масунияти баданро баланд бардошта, ҳолати инсонро ба эътидол меорад ва нерӯ мебахшад. Ҳангоми истеъмол намудани помидор, марҷумак (гречневая крупа), гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва тухм дар фасли зимистон ҳолати пӯст беҳтар мегардад. Ин маҳсулот ҷигарро низ тақвият мебахшад.

 

ВИТАМИНИ С. Ҳолати масуниятро муътадил нигоҳ медорад. Дар сурати норасоии витамини мазкур инсон хоболуд, камқувват мегардад ва паст шудани масуниятро эҳсос мекунад. Ҳамзамон хастагӣ, заифӣ, руҳафтодагӣ, дарди буғумҳо ва ҳатто хунравии вораҳо бо сабаби кам будани витамини мазкур сар зада метавонад. Бештар смородинаи сиёҳ, карам, хуч (шиповник) ва лиму истеъмол кардан лозим аст.

 

ВИТАМИНИ D. Витамини мазкур барои мустаҳкамии устухон ва дандонҳо муҳим аст. Барои рафъи мушкилоти мазкур ба хӯроки худ бештар моҳиҳои навъи равғанин, тухм, равғани растанӣ ва маска, маҳсулоти баҳрӣ, маҳсулоти турши ширӣ илова кунед.

 

ВИТАМИНИ Е-ро дар илми тиб витамини зебоӣ мешуморанд ва он барои мубориза бурдан бо стресс лозим аст. Бо шарофати витамини мазкур мағзи сар аз оксиген шодоб гардида, асаб мустаҳкам ва ақл равшан мегардад. Миқдори бештари витамини Е-ро аз таркиби карами брокколи, тухм, сабзӣ ва ҷигар дастрас карда метавонед.

 

Витамини В. Мубодилаи карбогидратро ба эътидол оварда, асабро тақвият мебахшад ва руҳафтодагиро пешгирӣ менамояд. Барои солимии асаб аҳамияти хоса дошта, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Норасоии витамини мазкурро аз бад шудани ҳолати пӯст, обравии чашмон ва кафидани лабҳо фаҳмидан мумкин аст. Барои рафъи чунин камбудиҳо бештар марҷумак (гречка), нахӯд, чормағз, лаблабу ва ҷигар истеъмол бояд кард.

 

Пресса.тж

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...