Ба духтури дандон муроҷиат доред?

Ба духтури дандон муроҷиат доред?

Ҷавоби баъзе аз саволҳое, ки ба духтури дандон дода мешаванд.

(Аввалаш дар шумораи якум)

– Хамир (паста)-и дандоншуйиро чӣ тавр интихоб кард?

– Интихоби хамири дандон барои ҳар кас ихтиёрист, лекин аз ҳолати дандон вобастагӣ дорад:

  • фтороидҳо, яъне доруҳои фтордошта, ки хатари пӯсидашавӣ, шикастан, ё паридани сири дандон мегарданд;
  • триклозонҳо таъсир бар (зидди варамкунии вора, ё милки дандон (дёсна) мебошанд;
  • сафед кунак (дар мубориза бо тагшин аз қаҳва, чой, сигор);кумак мекунад;
  • ҳассосиятзудойӣ (афзойиши ҳиссиёти дандонҳоро ба тур(у)шӣ, гармӣ ва сардӣ кам мекунед); Ҳамчунин мафҳуми сойидагӣ аз хамири дандон низ вуҷуд дорад, ки шиддатитаъсир ба сирри дандонро нишон медаҳад. Дараҷаи сояндагӣ на танҳо дар миқдори зарраҳои соидакунанда аз хамир, балки аз андозаи онҳо бастагӣ дорад. Ҳар қадаре онҳо бузург бошанд, сири дандонро бештар мехарошанд. Миқдору дараҷаи қабати болои дандони сойишхурдаро андозаи RDA ташкил медиҳад.
  • Агар Шумо дандон, ё милки дандони аз ҳад зиёд ҳассос дошта бошад, пас метавонед, хамири дандоншӯйии камсойишдиҳандаи андозааш аз 20 то 50-ро интихоб кунед.
  • Агар мушкилие бо дандони хеш надошта бошед, хамири дандони андозаи миёна доштаи аз 50 то 80 барои Шумо басанда аст.
  • Хамири дандони андозаи 80 то 100 сирри дандонро суфта карда, камтар сафед ҳам мекунанд. Ҳар рӯз истифода кардани онҳо арзиш надорад.
  • Хамири андозааш аз 120 боло бошад, дар сафедкунии дандон таъсири бошиддат дорад. Дар ҳолати ҷағиш, рахна шудани дандон, ё ҳолати ҳиссиёти баланд доштани милки дандон тавсия дода намешаванд.
  • Барои кӯдакони то 2 сола, беҳтар он аст, ки хамиреро интихоб кунанд, ки андозаи RDA-аш аз 20 зиёд набошад.

– Рӯкашак, рӯпӯшонии дандон (виниры)хатарнок аст?

– Рӯкашакҳои дандон хеле тунук буда, ғафсияшон аз 0,3–0,5 мм зиёд набуда, барои оройиши дандони осебдида ва барқарор кардани шакли пешинаи он истифода карда мешаванд. Монанди ҳама гуна ҷараёни табобат дарди дандон низ тарафи мусбат ва манфии худро дорад. Дар ҳолати иҷрои дурусти ҳама гуна қойидаҳои табиби дандон дода, ҳини сохтани рӯпӯшҳои замонавӣ лабони бемор пурхандаву дар даҳон дандоҳои сафед пайдо хоҳанд шуд.

ШАБХАН ШАБХАНОВ,

МУРАД ГАЗИЕВ

Аз русӣ тарҷумаи

Шамсиддини Муқим

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...