Гайморит онро тиби халқӣ муолиҷа мекунад?

Гайморит онро тиби халқӣ муолиҷа мекунад?

Гайморит онро тиби халқӣ муолиҷа мекунад?

Аз дарди пешонӣ ва сар хеле азоб мекашам. Ташхиси бемориам гайморит аст. Ҳарчанд аз доруҳо истифода намудам, натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ман ҷарроҳиро тавсия намуданд. Вале мехоҳам пеш аз ҷарроҳӣ ба тиби халқӣ муроҷиат кунам. Оё усулҳои халқии табобати гайморит мавҷуд аст?

ХУРШЕД, шаҳри Ҳисор

- Дар тибӣ халқӣ тамоми бемориҳо муолиҷа карда мешаванд. Аз ҷумла гайморит ҳам ба воситаи гиёҳҳову растаниҳо муолиҷа карда мешавад. Дар ин маврид ба шумо чанд маслиҳати кӯтоҳ медиҳем.

ЯКУМ. Баргҳои каланхоеро майда реза карда, дар бинӣ мечаконем, то сар шудани атса меқапем. Баъд аз ин кор атсаҳои пай дар пай пайдо мешаванд ва баробари он зардоби бинӣ ва қисмати пешонӣ кам мешавад. Агар ин тарзи муолиҷаро 7 рӯз давом диҳед, гайморит нест мешавад.

ДУЮМ. Як қошуқчагӣ асал, сода, равғани офтобпарастро якҷоя карда, пахта ё докаро дароз печонида, ба андозаи бинӣ тампон тайёр мекунем. Ва онро дар маҳлули таёркаршуда тар карда, дар сӯрохиҳои бинӣ мегузорем. Он то 20 дақиқа бояд дар бинӣ истад. Баъди 3 ё 4 курси муолиҷа ҳамаи риму зардобҳо мерезанд.

СЕЮМ. 600 грамм асалро бо 350 грамм шарбати алоэ ва майи сурх якҷоя карда, 5 рӯз дар ҷои торик нигоҳ медорем. Ин даворо рӯзе се маротиба дар як рӯз, пеш аз хӯрок истеъмол мекунем. Ин тарзи муолиҷа ҳатто гайморити музминро низ даво мебахшад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...