Бемории гуруснагӣ? Чаро баъди хӯрдани хӯрок дарди меъда нест мешавад?

Бемории гуруснагӣ? Чаро баъди хӯрдани хӯрок дарди меъда нест мешавад?

Чандест, ки дар ҳолати гуруснагӣ меъдаам дард мекунад. Доруҳои таскиндиҳандаи дардро истеъмол мекунам. Аҷибаш ин аст, ки баъд аз хӯрокхӯрӣ дард нест мешавад. Аз ин рӯ, мехостам, донам, ки ин нишонаҳои кадом беморӣ аст? ФИРӮЗ, ноҳияи Нуробод

Ба ин савол Сайфулло Ҳакимов - духтури Маркази миллии ташхису табобат посух мегӯяд: - Бояд қайд намоям, ки меъда дар худ ширае дорад, ки он дар ҳазми хӯрок мусоидат менамояд. Вақте ки вайроншавии кори узв ба миён меояд, шира миқдори муайяни худро гум мекунад ва дарду сӯзишҳо инсонро азоб медиҳанд. Аксари беморон ҳангоми гурусна мондан дардҳои зиёдро дар мавзеи меъда эҳсос мекунанд ва ягона роҳи халосӣ аз дард хӯрданро медонанд. Дар тиб онро дарди гуруснагӣ мегӯянд. Вақте меъда холӣ мешавад, дар ин вақт шираи меъда зиёд хориҷ шуда, ба хурӯҷи даромади рӯдаи 12-ангушта ва пайдоиши дард оварда мерасонад. Вақте бемор ягон чиз мехӯрад, дар ин ҳолат туршии меъда кам шуда, дард низ паст мешавад. Дардҳои сӯзон бошад, дар натиҷаи зиёд шудани шираи меъда хеморетсепторҳо ва ретсепторҳои дардиро ба сӯзиш меорад. Ин ҳолатро доруҳои бартарафкунандаи хурӯҷ (спазмалетик) таскин мебахшанд. Намуди дигараш - ин дардҳои дер мебошад. Яъне шахс хӯрок мехӯрад ва он баъд аз ҳазмшавӣ аз меъда мебарояд ва пас аз муддате дард пайдо мешавад, ки сабаби он зиёд будани шираи меъда мебошад. Дардҳои шабона бошад, аз боиси зиёд шудани тонуси мушакҳои меъда мебошад, ки ин ба кори аз меъёр зиёд ва болоравии шираи меъда мусоидат мекунад. Тавсия медиҳам, ки бо пайдо шудани ин оризаҳо ба табиб муроҷиат намоед.

Пресса.тж.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...