Пешгирии инсулт

Пешгирии инсулт

Пешгирии инсулт

— Нав ба синни 52 қадам гузошта бошам ҳам, аллакай дилам иллат пайдо кардааст. Бар замми ин, касалии қанд ва фишорбаландии шараёнӣ дорам. Махсусан як соли охир худро бисёр бад ҳис мекунам. Чанд рӯз пеш ба назди духтур рафта будам. Табиб пас аз муоина маро ҳушдор дода, таъкид намуд, ки эҳтиёт кунам, чунки хатари ба инсулт гирифтор шуданам вуҷуд дорад. Барои аз чанги ин бемории тақдирсӯз дар амон мондан чӣ кор кардан лозим аст?

Ориф АМИНОВ, ш. Душанбе

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

— Дар ҳақиқат инсулт аз зумраи бемориҳои хеле вазнин ба шумор меравад. Маъмулан бар асари ин беморӣ гоҳо як нимаи бадан ва дар баъзе ҳолатҳо тамоми ҷисм карахт гашта, одам дигар ҳаракат карда наметавонад.

Сактаи мағзӣ асосан бар асари бандиши рагҳои хунгузари мағз, ки вайроншавии гардиши хунро ба думбол дорад, ба миён меояд. Дар натиҷаи фишори баланди хун, атеросклероз ва касалии қанд низ баъзан мӯйрагҳои мағзи сар кафида, хуни аз онҳо таровида қисмате аз мағзи сарро фаро мегирад ва он қисмат аз фаъолият бозмемонад.

Фалаҷшавии андом ба думболи сактаи мағзӣ ногузир аст. Аз ҳамин хотир, ба шумо ва дигар маризоне, ки дар сарҳади сактаи мағзӣ қарор доранд, маслиҳат медиҳем, ки саломатии худро эҳтиёт намуда, кӯшиш кунанд, ки сар задани сактаи мағзиро пешгирӣ намоянд. Барои ин пеш аз ҳама шумо бояд асабҳоятонро эҳтиёт кунед.

Афроде, ки бемории фишорбаландии шараёнӣ доранд, бояд доруву дармони фармудаи табибашонро сари вақт гирифта, имкон надиҳанд, ки фишори хунашон баланд шавад, чунки бештар сактаи мағзӣ маҳз дар натиҷаи якбора хеле баланд шудани фишори хун, стрессу ҳаяҷон ва асабонияти шадид сар мезанад.

Хоби ором, ғизои сабук, варзиши бадан ва ҳавои тоза барои афроде, ки хатари сактаи мағзӣ ба онҳо таҳдид менамояд, бениҳоят зарур аст. Маслиҳати мо ба шумо ҳамин аст, ки доруву давои фармудаи табибонро сари вақт бигиред, асабҳоятонро эҳтиёт намоед, бештар дар бораи ҳодисаҳои хуши дар ҳаётатон рӯйдода фикр карда, зиқӣ ва хотироту андешаҳои мағшушу пурдардро ба саратон роҳ надиҳед.

Бори дигар таъкид мекунам, ки барои пешгирии сактаи мағзӣ танҳо табибони мутахассиси ин соҳа доруву дармон таъин карда метавонанд, вале баъзе давоҳои халқие низ ҳастанд, ки дар пешгирӣ намудани сактаи мағзӣ таъсири хуб расонида метавонанд.

Якум: Давои оддитарин занҷабил аст. Рӯзе ду маротиба 1 қошуқчаи чойхӯрӣ хокаи занҷабилро бо каме обу асал омехта намуда, истеъмол намоед. Табобатро бо занҷабил 10 рӯз идома диҳед, нишонаҳои ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ — сустии дил, вазнинии нафаскашӣ, оруқзанӣ ва мушкилоти фурӯбарии ғизоро нест мекунад.

Дуюм: Пӯсти дарахти мушкбед низ ба шумо фоида мекунад. Пӯсти мушкбед хунро тунук карда, хатари хунрезии мағзиро пешгирӣ менамояд. Пӯсти мушкбед дар таркибаш маводе дорад, ки ба аспирин монанд, вале аз аспирин қавитар аст. Барои пешгирии сактаи мағзӣ пӯсти мушкбедро ҷӯшонида, обашро нӯшидан лозим аст.

Сеюм: Давои дигаре, ки аз сактаи мағзӣ ҷилавгирӣ карда метавонад, сафора аст. Ин навъи дарахтон бештар дар роҳи асфалти самти Данғара мерӯянд. Сафора дарахти болобаланде буда, тахминан 10-15 метр мешавад ва меваҳояш ба лӯбиё монандӣ доранд. Сафора моҳи сентябр ба самар мерасад ва мевааш то моҳи декабр қобили истифода аст. Меваю гули сафора дар табобати ҳолати пеш аз сактаи мағзӣ таъсири бисёр хуб дорад. 10 грамм меваи сафораро дар як истакон об ҳамагӣ 5 дақиқа ҷӯшонед ва оташро хомӯш карда, монед каме хунук шавад. Рӯзе 3 маротиба 50-граммӣ 25-20 дақиқа пеш аз хӯрок аз ин об бинӯшед, хатари сар задани сактаи мағзиро пешгирӣ мекунад. Гули сафораро низ истифода бурдан мумкин аст. Ду қошуқи ошхӯрӣ гули сафораро дар 200 грамм оби ҷӯш як соат дам карда, баъдан бо дока полонед ва ним соат пеш аз хӯрок 50-граммӣ бинӯшед. Докаеро дар ин об тар карда, аз пушт ба сар бандед ҳам, муфид аст.

Умедворем, ки маслиҳатҳои мо ба шумо ва дигар маризоне, ки дар сарҳади сактаи мағзӣ қарор доранд, кумак мерасонанд ва хатари сар задани ин бемориро ҷилавгирӣ менамоянд. (Тж.Пресса)

“Оила.тж”

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...