ДИН

ДИН

ДИН

Пардохти закот моли шуморо ҳифз мекунад

Рукни чаҳоруми дини мубини Ислом закот мебошад. Пардохти он ба мусалмонон аз соли дуюми ҳиҷрӣ, ки ҳанўз рўзаи моҳи Рамазон фарз нашуда буд, фарз гардид. Закот ин ибодати Параврдигор бо василаи дороӣ мебошад. Закот ин ҳарсола пардохт намудани мусалмони сарватманд (аз чиҳил як ҳисса) қисми дороии худро ба манфиати камбағалон мебошад.

Закот дар якҷоягӣ бо намоз дар Қуръон 27 маротиба ёд мешавад. Ин далел нақши муҳими закотро собит месозад. Закот ибодатест, ки хасисиро аз дил берун намуда, молро пок месозад ва дар дили одамон меҳру шавқатро бедор мекунад. Ба шарофати закот, ҳасаду бахилӣ дили камбағалону нодоронро тарк карда, дар ҷомеа ягонагиро мустаҳкам мегардонад. Закот на танҳо рўҳи инсонро пок месозад, балки онро аз дилбастагии таҳқиромезонаи сарвату дороӣ ва тобеъияти фармони онҳо озод гардонида, инчунин барои аз мусибати ғуломонаи пулу сарват раҳоӣ ёфтан, мусоидат мекунад. Ислом талош бар он мекунад, ки мусалмонон фақат бандаи Аллоҳ Таъоло буда, аз тобеъияти дигарон озод гардида, хоҷагони ҳамаи мавҷудоти олам бошанд. Закот дороии одамони бо имонро афзун намуда, ба онҳо баракат мебахшад. Моле, ки закоти он дода шудааст, онро Аллоҳ Таъоло ҳифзу эҳтиёт мекунад. Паёмбари Худо мегўяд: “Бо пардохти ҳаққи закот молҳои худро ҳифз кунед”. (Аттағриб ва-т-тарҳиб).

Закотро ба кӣ медиҳанд

Дар Қуръони карим гуфта шудааст: «Ҷуз ин нест, ки сарф карда мешавад закотро ба фуқаро ва мискинҳо ва ба коргароне ки барои ҷамъи он муқаррар шудаанд ва ба гурӯҳе ки улфат дода мешавад дилҳои онҳоро ва дар озод кардани ғуломҳо ва дар қарздорҳо ва дар роҳи Аллоҳ ва дар ибни сабил (мусофир). Фарзияти он аз ҷониби Аллоҳ муқаррар шуд. Ва Аллоҳ донову соҳиби ҳикмат аст». (Сураи Тавба-60).

Чун мунофиқон дар тақсими моли садақа ба Расулуллоҳ e хурдагирӣ карданд, Аллоҳ таъоло дар ин оят, то ки таъну эътирози онҳо ба поён расад, ба кадом тоифа сарф кардани моли садақаро муайян кард. Мусалмоне, ки моли ӯ ба нисоб расидааст, закоти дигаронро хӯрданаш ҳаром ва бар ӯ фарз аст, ки дар як сол як маротиба 2,5 фоиз закоти моли худро ба яке аз ҳашт тоифаи муайян кардаи Аллоҳ таъоло диҳад:

1-ум: Ба фақир. Фақир шахсест, ки андаке мол дорад. Локин миқдори молаш ба закот додан намерасад.

2-юм: Мискин. Мискин шахсеро гӯянд, ки дар камбағалӣ ба ҳадди охир расида ҳеҷ чиз надорад.

3-юм: Ба омили закот. Омили закот шахсеро гӯянд, ки аз тарафи имом барои ҷамъоварии молҳои закоти мардум вазифадор аст. Агар аз молҳои ҷамъовардааш ба ӯ маъош диҳанд, дуруст аст, бигзор тавонгар бошад. Зеро ӯ маъоши худро гирифтааст на закотро.

4-ум: Ба муаллифатул қулуб. Онҳо касонанд, ки нав дар ислом даромадаанд ва ҳоло имонашон заиф аст, ё шахсонеанд, ки майли ба ислом даромадан доранд. Барои дилгармии онҳо аз моли закот ба онҳо дода шавад, дуруст аст, чуноне ки Ралуллоҳ e қабилаҳои атрофи арабро аз моли закот медод ва дили онҳо ба Ислом моил шуд. Уламои ҳанафӣ ва моликӣ гуфтаанд баъди ошкоро ва тавоно шудани дини Ислом саҳми муаллафтул қулуб соқит шуд.

5-ум: Ба мукотаб. Мукотаб ғуломеро гӯянд, ки бо хоҷаи худ дар ивази озод шуданаш дар муддати муъайян, бо маблағи муайяне аҳднома навиштааст. Мешавад ба чунин ғулом закот дод, то ӯ ба хоҷааш диҳаду худро озод кунад.

6-ум: Ба қарздор: Қарздор шахсест, ки бо сабабҳои гуногун қарздор шудааст. Барои соқит кардани қарз аз моли закот ҳамчун ёрдам дода шавад, ба қарздороне, ки маблағи қарзи онҳо аз дороияшон бештар мебошад, дуруст аст. На ба қарздори исрофкор, закотро гираду ба қарзҳояш надиҳад.

7-ум: Дар роҳи Аллоҳ. Яъне шахсоне, ки дар роҳи Аллоҳ барои мустаҳкам кардани дину диёнати мардум ба ҷиҳод ё барои нигаҳбонии марзи ватан аз душман баромадаанд. Онҳо беҳтарин шахсон дар роҳи Худо ҳисобида мешаванд. Ҳоҷие, ки ҳангоми сафари ҳаҷ аз моли худ бо сабабе ҷудо шудааст ва ба онҳое, ки дар роҳи ба даст овардани илму дониш машғул мебошанд, дар роҳи Худо ҳисобида мешаванд.

8-ум: Ба Ибни сабил (Бачаи роҳ): Мусофироне, ки дар роҳ бепулу мол монда, барои баргаштан ба мамлакати худ имконият надоранд, ҳатто агар дар ватанашон моли аз нисоб бештаре доранд. Барои он ба онҳо закот дода мешавад, ки ба хонаҳояшон баргашта тавонанд. Акнун шахси закотдиҳанда набояд бо кибру ғурур гирандаро ночиз ҳисобад. Бояд фикр кунад, ки додани закот фарзест аз фарзҳои илоҳӣ, ки ҳамчун ибодат онро иҷро кардааст. Вақто ки инсон фарз (ибодат)-ро аз худ соқит мекунад, чӣ ҷойи кибру ғурур ва чи ҷойи миннат ниҳодан аст? Будани камбағал ҳам байни бойҳо неъматест, ки шукрона мехоҳад. Агар камбағалҳо набошанд, бойҳо закоташонро ба кӣ медиҳанд? Инчунин будани бойҳо низ барои камбағалон неъмат аст, шукрона мехоҳад. Агар онҳо набошанд камбағал чӣ кор карда метавонад?

Аллоҳ таъоло дар ҷумлаи охири ин оят фармудааст, ки маҳдуд будани сарфи моли закот барои ин ҳашт тоифа фарзест ва аз ҳудудҳо таҷовуз накунед. Яъне ба ғайри ин ҳашт тоифа ба дигарон закот додан ҷойиз нест. Оре! Аллоҳ таъоло аз зоҳиру ботин ва салоҳи кори бандагони Худ бохабар аст, таъину тақсими моли закот ба ҳашт тоифа ҳикматест мувофиқи тақозои ҳикматҳои Ӯ. (Тафсири осонбаён)

Аз чи ва чанд миқдор закот дода мешавад

1.Тилло: 80 г ва бештар 1/40 (аз чиҳил як ҳисса);

2.Нуқра: 561 г ва бештар 1/40 (аз чиҳил як ҳисса);

3.Пул: миқдори нисоб, ё ин ки бештар 1/40 (аз чиҳил як ҳисса); (нисоби пул ба нисоби тилло баробар ҳисоб карда мешавад, яъне маблағи пул бояд ҳамарзиши 80 г тилло бошад).

4.Ашёҳои тиҷоратӣ: пули андозаи нисоб ва бештар. Аз арзиши ҳамагуна мол 1/40 (аз чиҳил як ҳисса) пардохта мешавад;

5.Нисоби буз ва гўсфанд; 40 сар. Закот як буз, ё як гўсфанд;

6.Нисоби гов ва говмеш: 30 сар. Закот як гўсолаи яксола;

7.Нисоби шутур: 5 сар. Закот як гўсфанд, ё як буз. Баробари афзоиш ёфтани саршумори ҳайвонот тарзи пардохти закот тағйир меёбад. Пардохти закоти молҳои дар боло номбаргардидаро ҳам бо худи мол ва ҳам бо пул метавон анҷом дод.

8. Миқдори закоти зироъат ва меваҷот гуногун аст ва бастагӣ ба чигунагии обёрии онҳо дорад.

а) Миқдори закоти маҳсуле, ки бо оби ҷорӣ ва ё оби борон обёрӣ мешавад, ушри 1/10 (яъне аз даҳ як) он аст.

б) Миқдори закоти маҳсуле, ки бо далв (сатил) ё матор (движок) ва ё ба воситаи гов ва ё шутур обёрӣ мешавад ва эҳтиёҷ ба порузанӣ ва меҳнату заҳмат дорад, нисфи ушр, яъне аз бист як (1/20) аст. Шарти дурусти пардохти закот нияти он ба ҳисоб меравад, ки закотдиҳанда бояд пеш аз пардохти закот ният намояд. Бо овози баланд талаффуз кардани он ҳатмӣ нест. (Ибни Обидин)

2026-06-01 (Зулҳиҷаи соли 1447) №6.


Дастоварди ҷаҳонии табиби тоҷик Фирӯз Баракаев

Табиби урологи тоҷик, доктор Фирӯз Баракаев, ки дар яке аз клиникаҳои пешрафтаи байналмилалии Туркия – Беморхонаи Донишгоҳи Йедитепе фаъолият мекунад, дар як таҳқиқоти бузурги байналмилалӣ, ки ба сирояти роҳҳои пешоб дар беморони урологии бистаришуда бахшида шудааст, саҳми назаррас...


Рисолати модар дар тарбияи фарзанд

Офаридгори замину осмонро шукргузорӣ мекунем, ки моро ба тобистони нав расонид. Худо кунад, ки ин тобистон барои ҳар яки мо фасли пурбаракат ва файзбор бошад.   Модар барои ҳар кас маҳбубтарин шахс аст. Дар ҳадис гуфта мешавад «Ҷаннат, ки умеди мо дар он аст, дар зери қудуми модарон...


Фазилатҳои моҳи Муҳаррам

Моҳи Муҳаррам дар солшумории ҳиҷрии қамарӣ ҷойгоҳи аввалро дорад. Дар соли 16-уми ҳиҷрӣ, дар замони хилофати Ҳазрати Умар ибни Хаттоб (розияллоҳу анҳу), бо машварати ёрони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва тасдиқи Ҳазрати Усмон ибни Аффон (розияллоҳу анҳу) ва Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб...


Чанд тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд?

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки соли гузашта зиёда аз 78 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин омор назар ба соли 2024 зиёдтар будааст ва дар он сол 42,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шудаанд. Тасдиқи...


Варзиши тоҷик дар як ҳафта. Аз медалҳои тилло то ғалабаҳои байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур 240 ҷудокори 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.   Тоҷикистонро 40 ҷудокор муаррифӣ карда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков...