Фазилати моҳи Муҳаррам

Фазилати моҳи Муҳаррам

Муҳаррам моҳи нахустини солшумории ҳичрии қамарӣ, яке аз моҳҳои дувоздаҳгона мебошад. Ин моҳро аз сабаби он Муҳаррам меноманд, ки яке аз чаҳор моҳҳои ҳаром мебошад, ки арабҳо пеш аз зуҳури ислом дар ин моҳҳо чанг карданро ҳаром мешумориданд ва ин чаҳор моҳ Муҳаррам, Раҷаб, Зулқаъда ва Зулҳиҷҷаанд.

Ҳамаи шумоёнро бо омадани моҳи Муҳаррам табрику муборакбод менамоям!

Бовари дорам, ки ҳар яки шумо хуб медонед, ки рӯзи 30-уми июл рӯзи якуми моҳи Муҳаррам аст. Мехоҳам бисёр фазилатҳои ин моҳи пурфайзро нависам, зеро ин моҳ сар то по нур аст. Шахсоне, ки ҷӯёи савоби зиёд бошанд, пас дар ин моҳ ибодат кунанд, Иншоаллоҳ ба савоби зиёде нойил мегарданд. Ногуфта намонад, ки рӯзи 10-уми моҳи Муҳаррам рӯзи Ошуро аст.

Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расулаллоҳ ﷺ фармудаанд, ки: Беҳтарин Рӯза баъд аз рӯзаи моҳи шарифи Рамазон рӯзаи моҳи Муҳаррам ва беҳтарин намоз баъд аз намози фариза намози шаб (таҳаҷҷуд) аст. (Муслим)

Аз «Малфуз»-и Шайхулислом (Қаддаса сирруҳул-ъазиз) ривоят мекунанд, ки ҳар ки ҳар рӯз, ё ҳар шаби моҳи Муҳаррам ин калимотро сад бори бигӯяд, Ҳақ таъоло ӯро аз оташи дузах озод гардонад. Калимот ин аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Ло илоҳа илал-лоҳу вахдаху ло шарика лаҳу лаҳулмулку ва лаҳулхамду юхйи ва юмиту ва ҳува хайюл-ло ямуту зулҷалоли вал-икроми биядиҳил-хайру ва ҳува ъало кулли шайин қадир. Аллоҳумма ло мониъа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло рода лимо қазайта ва ло янфаъу зал-ҷадди минкал-ҷадд.

Муҳаммадфарух Азимов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...