Моҳи мавлуди босаодат - моҳи сафо ва муҳаббат

Моҳи мавлуди босаодат - моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз

Бе номи Ту нома кай кунам боз.

 

Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън ﷺ фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо хушнудии ӯ. Он маҳбуби дилҳо, ки шабҳои дароз бо Парвардигори худ розу ниёз мегуфт ва яке аз таманниёти ӯ наҷоти мо умматон буд. Чун Худои Ғафуру Раҳим барояш ваъда намуд, ки: “Ва зуд аст, ки бидиҳадтуро Парвардигорат, пас розӣ шавӣ” (Зуҳо, 5), фармуданд: То вақте ки як нафар аз уммати ман дар дӯзах боқӣ бошад, розӣ намешавам.

Худованд Ӯро раҳмате барои оламиён фиристод, то раҳмати худро ба воситаи  вуҷуди мубораки Паёмбар  ﷺ ом гардонад. Расули гиромӣ бо биъсати худ қалбҳои зангорбастаи мардуми замони ҷоҳилиятро бо равондани занги куфру ширк нуронӣ гардонид ва эшонро аз зулумоти куфр ба равшаниҳои имон роҳнамоӣ намуд. Тавҳид ва якпорча сохтани қавмҳои парокандаи арабро, ки ба қабоили гуногун тақсим шуда буданд, аз мақсадҳои асосии худ шуморид ва дар муддати кӯтоҳе Худо ӯро ба ин кор муваффақ гардонид. Поён додан ба русуми бутпарастӣ, ки қарнҳо ривоҷ дошт ва мардум бар он одат доштанд ва ба ҷои бутпарастӣ дини осмониро ҷойнишин сохтан дар ақли мардуми он замон ҷой намегирифт. Мардуми замони ӯ чун ҳама бутпарасту қиморбоз, бодапарасту ҷангҷӯ ва дорои авсофи разила буданд, аз ин қавми бебасар дар муддати кӯтоҳе як қавми покбозе ба вуҷуд овард, ки шоистаи мақоми инсонӣ буданд. Ҳуқуқи заифонро  боадолатона бо ғаниён мусовӣ намуд ва дар миёни онҳо ҳеҷ фарқе нагузошт. Танҳо яке аз гуфтаҳои боло кифоят аст, ки ақлҳои солим мутаҳайири он гарданд ва номи он Ҳазрат ﷺ дар таърих ҷовидона монад.

Бузургтарин муъҷизаи он Ҳазрат ﷺ Қуръони карим аст, ки махзане пур аз дурру гавҳари панду мавъиза, аҳкому аркон, даъват ва иршод, қиссаҳои ибратбахш ва тарғибу тарҳиб аст. Ин китоб ба он Ҳазрат ﷺ дар ҳоле нозил шуд, ки он Ҳазрат ﷺ уммӣ буданд, яъне аз хондану навиштан хабаре надоштанд. Ин худ нишонае аз нишониҳои Худои Қодир аст, ки ба воситаи Паёмбари уммӣ китобе бифиристад, ки ҳеҷ башаре тӯли қарнҳо натавонад мисли онро биёварад. Вақте баъзе аз мушрикин, ки онҳоро насибаи мушарраф шудан ба гавҳари имон набуд, эрод гирифтанд, ки ин Қуръонро худи Паёмбар ﷺ навишта аст, Худованд ваҳй фиристод: “Ва пеш аз нузули Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти ростихуд ҳеҷ китоберо наменавиштӣ, он гоҳ ин бадкешон даршак меафтоданд”. (Анкабут, 48)

Чун пазируфтани ҳақиқат кори осоне нест, он мардумоне, ки аз роҳи хидматгузории буткадаҳо нон мехӯрданд, ҳозир набуданд, ки ба даъвати Ҳақ гӯш фаро диҳанд, то мардум аз буткадаҳо рӯй гардонанду ба парастиши Худои ягона бипардозанд. Бинобар ин, ба адовату душманӣ бархостанд. Он қавме, ки Расулуллоҳро бо муҳаббат Муҳаммадамин меномиданд, пас аз биъсат ба ӯ номҳои маҷнун, соҳир ва ғайраро гузоштанд. Аз ӯ қатъи муҳаббату рафоқат намуданд, вале дили покаш аз ин ҳама озору ҷафо ва душманиҳову масхараи қавм шикаста нашуд ва аз роҳи ростӣ барнагашт. Ӯ медонист, ки роҳе, ки Худо ба ӯ намуда, саодати башарият дар он аст ва муваффақ ҳам шуд.

Мавлуди Расули Худо ﷺ барои ҳамагон муборак бод!

 

(“Ҷамолиддин Хомӯшӣ Сардори Раёсати фатво”)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...