Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.

 

Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд, ин кор барояшон хуб аст. Балки ин кор барояшон хеле бад аст. Он чизеро, ки бахилӣ кардаанд, рўзи қиёмат дар гарданашон овезон карда мешавад» (Сураи «Оли Имрон», ояти 180).

Ҳазрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ фармуданд: «Ҳар киро ки Худованд мол додааст ва ў закоти онро намедиҳад, дар рўзи қиёмат он ба сурати мори сиёҳ мешавад, ки ду то сиёҳӣ бар рўи чашмонаш дорад ва ўро дар ҳалқа мегирад ва ўро бо дандонаш мегазад ва мегўяд: «Ман моли туям, ман кони туям». Пас ояти болоро тиловат намуданд» (Бухорӣ).

Худованди мутаол мефармояд: «Ва касоне, ки тилло ва нуқраро ҷамъоварӣ мекунанд ва онро дар роҳи Худо сарф намекунанд, пас онҳоро башорати ба азоби дарднок деҳ. Рўзе, ки онро дар оташи дўзах гарм карда мешавад, пас бо он рўй, тан ва пўсташонро доғ мекунанд. Ин аст он чи барои худ ҷамъоварӣ карда будед, пас бичашед он чиро, ки ҷамъоварӣ мекардед» (Сураи «Тавба», ояти 34-35).

Аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Бухорӣ ва муслим омадааст, ки фармудаанд: «Ҳеҷ тиллодору нуқрадоре нест, ки ҳаққи онро адо намекунад, магар ин ки дар рўзи қиёмат бароят лагандҳое аз оташ месозанд, ки аз оташи дўзах гармтар аст, пас бо он рўй, тан ва пўсташро доғ мекунанд. Ҳар бор, ки сард шуд, боз аз нав онро гарм мекунанд, дар рўзе, ки миқдораш баробари панҷоҳ ҳазор сол аст, то ин ки Худованд қазоватро дар байни мардум анҷом диҳад, пас чораи ўро мебинанд, ё ба дўзах меравад ё ба ҷаннат».

Закот барои чор намуд мол воҷиб мешавад, ки он пул, моли тиҷоратӣ, чорво ва ҳосилоти замин аст. Инчунин закот дар чизҳои қиматбаҳо монанди тилло ва нуқра ва он варақҳои пулие, ки дар ин рўзҳо истеъмол мешаванд, воҷиб аст. Илова бар ин, закот дар молҳое аз қабили матоъҳо, хўрокворӣ, нўшокӣ ва монанди инҳо, ки ба нияти тиҷорат ворид гардида, дар дўкону мағозаҳо ба фурўш монда шудаанд, воҷиб мегардад. Ба ҷуз инҳо закот дар он донагиҳо ва меваҳое, ки аз замин мерўяд, ҳамчунин дар чорво ба монанди шутур, гов, гўсфанду буз бо шартҳо ва равишҳои махсус, ки дар китобҳои фиқҳи исломӣ ҷамъоварӣ шудаанд, воҷиб аст.

Он чизе ки барои мо дар ин ҷо баёнаш муҳим аст, ду навъи закот аст: Яке закоти пул, дигаре закоти молҳои тиҷоратист, зеро аксари мардуми шаҳрнишин бо ин намуд муомилаҳо сарукор доранд.

Худованди ҳакиму доно ҳикматҳои волое дорад, ки закотро машруъ гардонидааст. Худованд бандагонашро ба пардохти закот амр намудааст, зеро бо додани закот фоидаҳои азим ва оқибатҳои накў ҳосил мешавад ва асари он ҳам дар диҳанда ва ҳам дар гиранда дида мешавад, агар он холис барои ризои Худованд ва ба пайравӣ аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам бошад. Молро барои ризои Худо сарф кардан бо вуҷуди дўст доштани мол нишонаи имон ва сабаби комёбӣ ба савоби азим ва мукофоти гароне аз ҷониби Худованди бениёз аст. Худованд мефармояд:

«Ва касоне, ки амволи худро шабу рўз, ошкору ниҳон нафақа мекунанд, пас барои онҳост аҷрашон дар назди Парвардигорашон ва ҳаросе барои онҳо нест ва на онҳо ғам мебинанд» (Сураи «Бақара», ояти 274).

Закот соҳиби худро аз гуноҳҳо пок месозад, ўро аз бахилию ҳарисӣ ва дигар ахлоқи паст ҳифз мекунад ва лоиқи ҳамҷавор будан ба Худованди мутаол дар ҷаннатулфирдавс мегардад. Худованд дар қазо навиштааст, ки бахил ҳаргиз ҳамҷавори ў намешавад. Дар адо намудани закот инсон аз бисёре аз азобҳои гуноҳ раҳо ёфта чандин мусибату балоҳо аз сараш дур мешаванд. Худованд мефармояд: «Ту аз амволи эшон садақа бигир, ки бо он эшонро тоҳиру пок месозӣ ва барои онҳо дуо намо. Ҳамоно ки дуои ту барояшон оромибахш аст ва Худованд шунаво ва доност» (Сураи «Тавба», ояти 103).

Дар баровардани закот мол покиза шуда он аз талафу нестӣ дар амон мемонад, ки ин ба сабаби омадани баракат дар амвол ва нумў кардани он аст. Дар «Саҳеҳ»-и Муслим омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Ҳаргиз мол аз садақа кардан кам намешавад». Худованд низ мефармояд:

«Ва ҳар он чизеро, ки нафақа мекунед, пас Худованд онро бармегардонад. Ва ў беҳтарин ризқдиҳандагон аст» (Сураи «Сабаъ», ояти 39).

Яъне Худованд дар иваз аз он беҳтареро бармегардонад. Дар ҳадисе аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки фармуданд: «Худованди таоло мегўяд: «Эй фарзанди Одам, молатро (барои Худо) бидеҳ, бароят медиҳанд. Худованди мутаол ғанӣ аст ва он чи дар назди Ўст, тамомшуданӣ нест, Ў каримест, ки бо фазлаш миннат мегузорад ва сипоспазирест, ки савоби нафақаро ҳам дар дунё ва ҳам дар охират чанд баробар медиҳад» (Табаронӣ).

Ҳамчунин аз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят аст, ки фармуданд: «Ҳар ки закоти молашро адо намояд, аз ў бадии он дур мешавад».

Пас, бояд аз Худованд битарсид ва бо хушии дил закоти молро адо намуд, то хайру баракати он дар дунё ба даст омада дар охират аз савоби он бархўрдор шавем. Ҳамин оят кофист, ки Худованд мефармояд:

«Ва онҳое, ки закотро адо мекунанд. Ва онҳое, ки андомҳои худро нигоҳ медоранд. Магар барои ҳамсарон ё зердастонашон, ки онҳо маломат карда намешавад. Пас ҳар ки ғайри инро талаб намояд пас онҳоянд ситамгарон. Ва касоне, ки ба амонат ва аҳдашон пойбанданд. Ва касоне, ки намозҳояшонро муҳофизат мекунанд. Онҳоянд меросбарон. Касоне, ки ҷаннатро мерос мебаранд ва дар он ҷовидон мемонанд» (Сураи «Муъминун», ояти 4-11).

Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли некў ва эҳсону саховат ато фармояд ва ҷумла амалҳои моро холис барои ризои худ гардонад. Омин.

 

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...