Хушнудӣ аз нафс

Хушнудӣ аз нафс

Хушнудӣ аз нафс

Ҳар он, ки нафс ва фурӯмоягии ахлоқи онро шинохт, чизеро дар рӯйи замин бадтару палидтар аз он набинад. Барои банда амре воҷибтар аз шинохти нафси хештан вуҷуд надорад. Аз ин ҷо бармеояд, ки хушнудшавӣ аз нафс нашояд. Ба андозаи шинохтани нафси худро ҳоли банда ислоҳ мегардад ва мақомаш меафзояд.

Тарбияи нафс бо тахлия аз разоил – холӣ кардани онҳо аз пастиву фурӯмоягӣ ва таҳлия бо фазоил – оростани онҳо бо фазилатҳо сурат мегирад. Асоси разоил уҷб аст, пас, нахуст онро бояд тарк кард. Уҷб ба даст овардани фазоилро монеъ мешавад, пас, шарти вуҷуди фазоил тарк кардани уҷб аст. Ҳар кӣ худписанду фахрфурӯш набошад, роҳи касби ахлоқи нек ва тарки нуқсонҳои онро мепаймояд, чунки инсон бар дӯстии камол ва кароҳат аз нуқсон сиришта шудааст. Агар аз уҷб раҳоӣ ёфта бошад, пас он сиришт ӯро ба ончунон касб ва тарк мехонад. Агар инсон аз нуқсонаш огоҳонида шуд, аз ин нангу ор намекунад ва ба ҳимояи худ намепардозад; агар ба касби камол ташвиқ карда шавад, ба он рағбат менамояд. Ӯ пайваста миёни ҳушдорҳои илоҳӣ ва сиришту фитрати инсонӣ худро пок месозад, тозаву озода мекунад, ороставу пероста мегардонад, то он чиро аз камол, ки барояш муқаддар шудааст, ба даст орад. Маълум аст, ки аз печидагиҳову мушкилоти офатҳои нафс майли он ба лаззат бурдан аз мадҳ ва амсоли он аст. Агар ин обишхӯри ӯ қатъ карда шавад, ҳолаш рӯ ба танбаливу табоҳӣ меорад. Хушнудӣ аз нафс ва болидан бо он пайки сахти душман доштани Худои таоло ва хашми Ӯст. Аз Ибни Ато f пурсида шуд: «Он чӣ ки хашми Худоро зудтар ба вуҷуд меорад?»

Гуфт: «Дидани нафс ва аҳволи он. Ва сахттар аз ин интизори подошҳост барои амалҳояш. Айбҳои нафсашро касе мебинад, ки онро дар ҳама аҳвол ба бадӣ бишиносад. Ба Худо савганд, Худо бандаеро ба арҷмандие гиромӣ нагардонид, ки он барояш гиромитар аз он бошад, ки ӯро ба хории нафсаш роҳ намояд ва Худо бандаеро хор нагардонад ба хорие, ки барояш хортар аз он бошад, ки ӯро аз хории нафсаш маҳрум бидорад». Шахси оқил хушнудӣ аз нафсашро чӣ гуна дуруст мешуморад?! Ҳазрати Юсуф ибни Яъқуб ибни Исҳоқ, дуруди Худо бар ҳамаи эшон бод, мегӯяд: «...ва ман нафси худро пок намегардонам. Ҳамоно, нафс, албатта, ба бадӣ сахт вомедорад, магар касеро, ки Парвардгори ман раҳм кунад. Ҳамоно, Парвардгори ман омурзандаи меҳрубон аст» (Юсуф, 53). Аҳли тафсир гуфтаанд: Яъне, ман намегӯям, ки нафсам ба худии худ аз бадӣ пок аст ва ин фазилатро ба тақозои табиаташ, бидуни тавфиқ аз сӯи Худои таоло, ба вай нисбат намедиҳам.

«Ҳамоно, нафс», яъне: ҳамаи нафсҳо, ки нафси ман низ аз ҷумлаи онҳо дар ҳадди худаш аст, «албатта, ба бадӣ сахт вомедорад», яъне: ба зиштиҳову гуноҳҳо амр мекунад, чунки ботилу шаҳватҳоро хеле ҳам лазиз ёфтааст ва ба мункароти гуногун майли бештар дорад. Агар ин намебуд, нафсҳои бештари халқ дар ихтироъ кардани ҳилаҳо барои шаҳватронӣ мусаххари шаҳватҳояшон намегашт ва бадиҳо аз он содир намешуд. Аз ин ҷо чунин сухан воҷиб гашт, ки ҳар он кӣ ақлаш пурратар ва қадраш назди Худо бештар бошад, ба дидани айбҳои нафсаш бинотар аст ва ҳар кӣ ба дидани айбҳояш бинотар бошад, нафсашро бештар ба бадӣ мешиносад ва аз он камтар ба шигифт меояд. Дар «ат-Таъвилоту-н-наҷмийя» омадааст: «Нафс аз рӯйи сиришт бо табъи сахт водоранда ба бадӣ офарида шудааст. Ҳангоме ки ба табъи худ гузошта шавад, аз он ҷуз бадӣ чизи дигаре барнамеояд ва ҷуз зиштӣ ба чизи дигаре амр намекунад. Лекин агар Парвардгораш бар вай раҳм кунад ва ба сӯи вай ба назари иноят бингарад, ӯро аз табъаш бигардонад ва сифатҳояшро дигаргун созад, фармондеҳиашро ба фармонбарӣ бадал кунад ва бадиашро ба некуӣ. Аз ин рӯ, Паёмбар ﷺ гуфт:

«Парвардгоро, маро як чашм ба ҳам задан ва камтар аз он низ ба нафсам вонагузор!»

Васияти бузург

Аз он чӣ сарвари мо – имом Баҳоуддин Муҳаммади Нақшбандӣ соликро васият кардааст, чунонки дар китоби «ал-Баҳҷа» («Шодмонӣ») омада, ин ду панд аст мар касонеро, ки нек андешанд ва дарнигаранд: Нахуст ин ки солик ба ҳар ҷое, ки расид, худро набинад, магар дар нахустин қадами роҳ. Дуввум ин ки агарчи дар сайру сулук ба баландтарин мартаба даст ёфт, набинад худро, магар сад бор камтар аз Фиръавн.

Пас, шахси оқил бояд нафсашро бозрасӣ намояд, агарчанде ором гирифта бошад ва ба дасисаҳои он эътимод накунад. Кай аз он дурӣ меҷӯянд онҳое, ки монанди мо бар аноният ва дӯстии сарварӣ қарор доранд?! Худованд дӯстдори тавфиқ аст. Мо, дар ҳақиқат, худ ба худ аз нафс берун шуда наметавонем, магар ки инояти раббонӣ фарогирамон шавад. Бегумон, ахлоқи зишту накуҳида соҳибашро ба сӯи иртикоби фисқ ва исён мекашад; он дарде асту тариқат даво; он палидиҳои маънавӣ асту тариқат чун об ва муносиб аст, ки об бар мавзеи палидӣ истифода шавад. Худои таоло донотар аст ва нест тавонову неруе, магар бо Худои тавонову бузург.

Порае аз китоби «Боғҳои ахлоқи Некӯкорон»

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...