Роҳат дар таслим аст
Роҳат дар таслим аст
Шайх Шозилӣ (қдс) гуфт: «Боре (дар руъё1) худро ҳамроҳи марде дар рӯёрӯи устодам нишаста дидам. Пас, ӯ гуфт: Аз ман чаҳор пандро дар ёд дор! Се аз он турост ва яке ин мискинро:
- Аз амри худ чизе ихтиёр макун ва ихтиёр бикун, ки ихтиёр накунӣ ва бигрез аз он ихтиёри кардаат ва аз ҳама ба сӯи Худованд ﷻ. «Ва Худои ﷻ ту ҳар чӣ хоҳад, биофаринад ва баргузинад; дигаронро ҳеч ихтиёре нест» (Қасас, 68). Ҳамаи ихтиёркардаҳои шариат ва тартиботи онҳо ихтиёркардаи Худованд ﷻ аст ва туро аз он чизе набошад, вале он барои ту зарур аст. Ва агар бо ту ба баҳс пардозанд, пас бигӯ: Худованд ﷻ донотар аст ба он чӣ шумо анҷом медиҳед.
- Дар дунё парҳезгорӣ ва таваккул бар Худоро ﷻ пеш гир, чаро ки таваккул сарчашмаи ҳамаи аҳволу ҳолатҳост! Ва Худоро ﷻ бар худ гувоҳ бигир ва дар гуфтору кирдору ахлоқу аҳвол ба Ӯ ﷻ таваккул кунед!
- Аз гумону ширку тамаъ ва эътироз бар Худо ﷻ дар чизе барҳазар бош ва Худоро ﷻ бар қурби аъзам бипараст!2 Сипас гуфт: Ду чиз нафси ин мискинро3 ноком кардааст: дар кори дунёаш бо тадбири худаш дохил шуданаш ва дар кори охираташ бо шак дар бораи неъматҳои ки Аллоҳи таоло медихад. Пас, дар оғози тадбиру тақдир ба сӯи Худованд ﷻ руҷӯъ кунед, то аз расидани сабукӣ аз ҷониби Ӯ ﷻ баҳравар шавед! Ҳар кори зиште, ки баъдаш тарс ва паноҳ хостан аз Худо ﷻ дар пай дорад, дар шумори гуноҳ дароварда намешавад. Рӯзии хешро аз ҷое, ки Худованд ﷻ ба ту фиристод, бо истифода аз дониш ва пайравӣ аз суннати Паёмбар ба даст овар! То туро боло набаранд (бар зинаҳои камолот), худ ба танҳоӣ пеш марав, ки поят билағжад».
Ҳар кӣ аз Худо ﷻ хушнуд бошад, Худо ﷻ аз ӯ хушнуд аст
Ҳақ таоло хабар додааст, ки аз нишонаҳои хушнудии Ӯ таоло аз бандааш хушнуд будани банда аз Ӯ таоло аст. Худованди азза ва ҷалл гуфт: «Худо аз онҳо хушнуд аст ва онҳо ҳам аз Худо ﷻ хушнуданд» (Байина, 8). Шогирде ба устодаш гуфт: «Агар диламро аз Худои таоло хушнуд ёфтам, донам, ки Ӯ ﷻ аз ман хушнуд аст». Пас, устод ба вай гуфт: «Офарин, эй фарзанд!»
Худои таоло ба Мӯсо ваҳй фиристод: «Эй писари Имрон! Ҳароина, хушнудии Ман дар хушнудии ту ба қазои Ман аст».
ШАРМСОРӢ
Ҳақиқати шармсорӣ
Бидон, ки маънои луғавии шармсорӣ (ҳаё) дарҳамкашида ва фишурда шудани нафс аз корҳои зишт аст. Дар истилоҳи аҳли тасаввуф шармсорӣ фишурдашвии дил аст. Имоми тоифа Ҷунайди Бағдодӣ (қдс) таърифи онро чунин овардааст: «Дарки эҳсону неъматҳо ва дарки кӯтоҳиву камбудӣ. Ва аз миёни ин ду ҳолате ба миён меояд, ки шармсорӣ номида мешавад. Ва он тарки даъво4 дар пешгоҳи Худованд ﷻ аст».
Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:
- Шармсорӣ аз ҷиноят. Мисли шарми Одам. Ривоят кардаанд, ки чун ӯ аз меваи дарахт бихӯрд, ба рафтуомад ба ҳар сӯи биҳишт пардохт. Ҳақ таборак ва таоло ӯро нидо кард: «Оё аз Мо мегурезӣ?» Гуфт: «На, балки аз шарм дар назди Ту ﷻ».
- Шармсорӣ аз кӯтоҳӣ ва камбудиҳо. Мисли фариштагон, ки ба Ӯ субҳонаҳу мегӯянд: «Мо Туро, ончунонки ҳаққи парастиши Туст, напарастидем».
- Шармсорӣ аз бузургдошт. Мисли Исрофил, ки бо болҳояш худро паноҳ кард, ҷиҳати шарм аз Худои азза ва ҷалл.
- Шармсорӣ бинобар бузург-ворӣ. Мисли Паёмбар, ки ҳангоми издивоҷ бо Зайнаб, Худованд ﷻ аз ӯ розӣ бод, зиёфат дод ва нишасти мусулмонон дар он то дергоҳи шаб тӯл кашид. Паёмбар шарм медошт ба онҳо бигӯяд, ки бархезанду берун шаванд. Пас, ин қавли Ӯ таоло фурӯд омад: «Эй касоне, ки имон овардед, ба хонаҳои Паёмбар дохил машавед, магар ин ки барои сарфи таоме ба шумо иҷозат дода шавад, бе он ки мунтазири омода шудани он бошед, вале ҳангоме ки даъват шудед, дохил шавед! Пас, чун таом хӯрдед, пароканда шавед ва на саргарми сухане гардед, ки ин кор Паёмбарро озор медиҳад, вале аз шумо шарм медорад, аммо Худо ﷻ аз (изҳори) ҳақ шарм намедорад...» (Аҳзоб, 53).
Дар ин оят ба риояи адаб дар иҷозат хостан, мурооти вақт ва воҷиб будани эҳтиром ишора шудааст. Дар он ҳамчунин далолати равшан аст ба ин ки мурод аз иҷозат ба сарфи таом даъват шудан ба он аст. Яъне, агар ба шумо даромадан иҷозат дода шуда бошад ва ба сарфи таом даъват шуда бошед, пас, бо риояи адаб ва аҳкоми чунин ҳузур ба хонаҳои ӯ дохил шавед.
Дар «ат-Таъвилоту-н-наҷмийя» омадааст: «Чун ҳоҷатҳои шумо раво шуд, пас, берун оед ва ғафлат наварзед! Некхӯии вай набояд шуморо аз одоби нек боздорад ва шармгинии беандозаи ӯ набояд боиси ба сутӯҳ5 овардан ва малул кардани вай аз ҷониби шумо гардад. Гӯё некхӯии ӯ буд, ки онҳоро бар густохӣ бо вай далер сохт, то Худованд ﷻ ин оятро фурӯ фиристод».
Гуфтаанд, аз ҳаққи оқиле, ки ба назди бузургон ворид мешавад, кам сухан гуфтан ва зуд бархостан аст. Ва аз аломати аҳмақ нишастан беш аз андоза ва омадан дар ғайри вақт аст.
Дар шармсорӣ бинобар бузургворӣ он чӣ дохил мешавад, ки дар ин қавли Ӯ таоло омадааст: «Яке аз он ду духтар, ки бо камоли шарм роҳ мерафт, назди ӯ омад» (Қасас, 25). Гуфтаанд: Духтари Шуайб аз Мӯсо барои он шарм медошт, ки ӯро ба зиёфат мехонд. Пас, шарм дошт, ки мабодо Мӯсо даъвати ӯро напазирад. Сифати соҳиби зиёфат шармгинӣ аст ва ин аст шармсорӣ бинобар бузургворӣ.
- Шармсорӣ бинобар ҳаё. Мисли Алӣ (раз), чун ӯ шавҳари Фотима (раз) – домоди Паёмбар буд, Миқдод ибни Асвадро фармуд, ки аз эшон дар бораи ҳукми беруншавии мазӣ суол кунад.
- Шармсорӣ бинобар хору ҳақир шумурдан. Мисли Мӯсо, ки гуфт: «Парвардгоро ﷻ! Гоҳе маро ба чизе аз дунё ҳоҷат афтад, вале шарм медорам, ки онро аз Ту ﷻ бихоҳам». Худои азза ва ҷалл гуфт: «Аз Ман бихоҳ, ҳатто намаки хамиратро ва алафи гӯсфандатро!».
- Шармсорӣ бинобар инъом. Ва он шармсории Парвардгор субҳонаҳу аст, ки ба банда номае муҳркарда диҳад, баъди аз Сирот гузаштанаш. Дар он чунин навишта шуда: Ту ҳар он чӣ буд, кардӣ, вале Ман шарм медорам, ки онро бар ту ошкор намоям. Пас, бирав ба Биҳишт, ҳамоно, Ман омурзидамат!
Паёмбар ҳақиқати шармсориро баён карда чунин гуфтааст: «Эй мардум! Аз Худо ﷻ шарм бидоред ончунонки сазовори шармсорӣ аст»! Гуфтанд: «Мо шарм медорем, эй Паёмбари Худо ва сипос Худойро ﷻ !». Гуфт: «На чунин аст, валекин касе аз Худо ﷻ шарм медорад, ончунонки сазовори шармсорӣ аст, пас, бояд сарашро ва он чиро, ки дар вай аст нигаҳ дорад ва ишкамашро ва он чиро, ки дар вай аст, нигаҳ дорад ва маргу фарсудашавиро ёд кунад ва ҳар кӣ хоҳони охират аст, зинати ҳаёти дунёро тарк намояд. Пас, ҳар кӣ ин корҳоро кард, ба таҳқиқ, аз Худо ﷻ шарм доштааст, ончунонки сазовори шармсорӣ аст».
Ҳакиме гуфтааст: «Шармро аз роҳи ҳамнишинӣ бо касе, ки аз ӯ шарм медоранд, зинда гардонед!»
_______________________________________
1 Руъё – он чӣ, ки инсон дар хоб бинад.
2 Шояд мурод аз «қурби аъзам» мақоми эҳсон бошад.
3 Мурод аз мискин марди ҳамроҳаш дар руъё аст.
- Ин ҷо даъво ба маънои иддиои адо кардани ҳаққи Худои таъоло аст.
5 Дилтангӣ, дармондагӣ, малу-лӣ, озор, хастагӣ.
«Боғи ахлоқи накӯкорон»