Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ба дурустӣ ки ризо ва таслим ниҳояти убудият ва бандагӣ аст. Камоли ислом ҳам дар таслим ва тафвиз аст. Соҳиби таслим, агар дар гарданаш тавқи лаънат карда шавад, чун Иблис, розӣ аст, аз он рӯ, ки он қазои Ҳақ ﷻ ва тақдири Ӯст.

 

Ҳамчун ризои ӯ ба имонаш ва исломаш, зеро толиби содиқ ба қазову қадари Худои таоло розӣ аст, на ба феъли худ. Агар барои толиб нохушие пеш ояд ва дар вай дигаргуние рух диҳад, пас, вай бандаи нафсаш аст. Вале агар дар вай дигаргуние рух надиҳад, пас, ӯ бандаи Парвардгораш ﷻ аст. Ин появу бунёди ҳар амр аст. Аз ин ҷо, эй равандаи роҳ, туро мебояд, ки ҳамеша бандаи Ӯ ﷻ бошӣ, ончунонки Ӯ таоло ва тақаддас ҳамеша Парвардгори ﷻ туст. Гӯяндае барои Худованд ﷻ чунин дурафшонӣ кард:

 

Агар бошад ситоишу накуҳишро тафовут1,

Ба назди ту, ба ойинам қасам, ки бутпарастӣ.

 

Ин асле аст, ки бузургони хоссаи ҳамаи тариқатҳо бар он иттифоқ кардаанд.

Имом Шаъронӣ аз шайхи худ Алии Хаввос пурсид: «Оё ба камбизоатон бахшишу ато кунам ва ё адабро дар пешгоҳи Худованд ﷻ риоя намоям, чун онҳоро фақир кардааст?» Шайх гуфт: «Назди ман адаб беҳтар аст. Ҳамоно, Худои таоло дороеро фақир нагардонид, магар барои ҳикмате, ки хост онро изҳор намояд. Пас, ту аз ин огоҳ бош! Ҳамоно, ҳар он чӣ дар ҳастист, Худои таоло онҳоро мебинад ва мешунавад. Саркашӣ аз Ӯ таолоро канор бигзор ва адабро бо Ӯ таоло риоя бинмой, офаридаҳои Ӯ таолоро дар ҳамон ҳолате, ки мушоҳида кардӣ, ба ҳоли худ бигзор ва дигаргун кардани ҳолати онҳоро бе иҷозати ошкор аз ҷониби Ӯ ﷻ маталаб! Шояд хилофи адаб рафторе намоӣ ва доро гардонидани касеро бихоҳӣ, ки Худованд ﷻ ӯро фақир кардааст. Пас, Ӯ таоло ҳоли он бандаро ба ту таҳвил бидиҳад ва туро аз оне, ки дӯсташ медориву розӣ ҳастӣ, ба чизе интиқол бидиҳад, ки дӯсташ намедорӣ ва аз он хушнуд нестӣ, чунонки хостӣ он бандаро аз чизе, ки Худованд ﷻ дӯст медошту аз он хушнуд буд, интиқол бидиҳӣ. Агар Худованд ﷻ аз ту даргузашт ва туро уқубат накард, пас чунин гузашт барои ту истидроҷе бошад, ки онро пай ҳам набарӣ ва ҳамроҳи ҳалокшавандагон ту низ ҳалок шавӣ».

 

Роҳат дар таслим аст

Пас, бидон, ки зишттарин беадабие, ки банда менамояд, аз Парвардгораш ﷻ чизе пурсидан ва дар он исрор варзидани ӯст. Вақте Парвардгор ﷻ хостаашро ба ӯ дод, аз он беқарору ошуфта мешавад, сипас заволи онро аз Ӯ ﷻ мехоҳад, бинобар бисёрии хастагие, ки ба ин сабаб дар ӯ пайдо мешавад. Балки агар аз Худои азза ва ҷалл шарм медошт ва пурсиданро аслан тарк мекард, Ӯ таоло беш аз он чӣ умедвор буд, ба вай ато мекард ва оқибати неки онро ба вай кафолат медод. Пас, тарки талаб кардан беҳтар аст. Ин дар мавриди он чӣ ба манфиати худи банда аст, аммо дар мавриди талаб кардан ба манфиати дигарон монеае вуҷуд надорад.

Чӣ басо неъматҳо дар ранҷҳо ва ранҷҳо дар неъматҳо пинҳон шудан! Агар ба ботини неъматҳо назар афканем, онҳоро фарогири бисёре аз балоҳо дармеёбем. Камтарин бало он аст, ки Ҳақ субҳонаҳу аз соҳиби неъматҳо адои ҳаққи онҳоро бо шукри пайваста барои онҳо ба дил, на ба забон, мехоҳад. Ҳамчунин аз соҳиби неъматҳо ҳамеша ба сӯи Худои таоло изофа кардани онҳоро талаб мекунад. Ҳамчунин сарф кардани онҳоро дар ҷойҳое тақозо дорад, ки Ҳақ таоло бандаро фармуд, то дар онҳо сарф намояд. Агар ба ботини бадиҳо бингарем, онҳоро аз бузургтарин неъматҳо дармеёбем, чунки онҳо бароямон надомату пушаймонӣ ва хоксориву фурутанӣ меоранд. Худои таоло тоатҳову илмҳоро маҳз барои бозгардонидани мо ба сӯи Ӯ субҳонаҳу ва таоло вазъ кардааст. Нафсҳои паёмбарону авлиёи бузург ба сабаби риояи фармудаҳои илоҳӣ дар ғояти фурӯтанӣ шуданд ва ба нуқсоне мубтало нагаштанд.

Акнун нек бингар, обидоне, ки нафсашонро пок накардаанд, аз амалҳои худ ба шигифт меоянд. Агар Худои таоло бихоҳад, ки бар чунин касон раҳм намояд, онҳоро ба гуноҳи кабираи зино мубтало мегардонад. Чунончи, якеро дар миёни ҳамсоягону шиносҳояш шармсор месозад ва нафареро бар вай чира2 мегардонад, то ӯро ба идораи волӣ мебарад. Пас, номашро дар дафтари гунаҳкорон менависанд ва баъди ин ӯ худро ҳақиртар аз қатраи наҷосат мебинад.

Ҳотифе имом Шаърони -ро садо кард: «Эй Абдулваҳҳоб, ба ин сухани фарогири ҳамаи суханҳо ва мизони ҳамаи он чӣ дар китобҳои илоҳист, гӯш фаро бидеҳ!» Пас, ба ӯ дар хоб гуфт: «Оре». Гуфт: «Банда набояд як нафасе ҳам дилашро ба интихоб кардан ё накардани коре дар нафасҳои минбаъда машғул гардонад. Ӯ бояд ҳангоми ба коре оғоз карданаш ҳаққи он чиро адо намояд, ки Мо бо дастони вай ошкор месозем. Агар тоат бошад, пас, барои ин Моро ситоиш намояд ва барои тақсир дар он аз Мо омурзиш хоҳад ва агар маъсият бошад, пас барои онро сарнавишт кардан Моро ситоиш намояд ва аз мухолифати амри Мо омурзиш хоҳад ва агар ғафлат ё саҳве бошад, пас, коре анҷом диҳад, ки сазовори он мақом бошад. Ҳамин тавр, Мо дар ҳар он чӣ бо дастони ту анҷом медиҳем, бароят роҳи адабро бо Мо дуруст кардаем».

____________________________________

1 Фарқият.

2 Ғолиб, фирӯз, мусаллат.

 

«Боғи ахлоқи накӯкорон»

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...