Ахлоқи писандида

Ахлоқи писандида

Ахлоқи писандида

Фасли аввал. Убудият

Ҳақиқати убудият

Бидон, ки убудият раҳоӣ аз неруву тавоноӣ ва иқрор кардан ба чизест, ки Мавло, азза ва ҷалл, ба ту ато фармояд ва туро аз тавоноиву некуӣ фаро гирад. Ва пазируфтани чизест, ки ба он фармуда шудаӣ ва ҷудоӣ аз чизест, ки аз он манъ карда шудаӣ.

Ҳарчанд таъбири уламо дар баёни ҳақиқати убудият мухталиф аст, лекин ҳамаи онҳо ба як маъно мувофиқанд ва он дарк ва эътирофи рубубият аст, зеро авсофи убудият дар муқобили авсофи рубубият қарор доранд. Ҳар сифатеро, ки улуҳият сазовор аст, убудият васфе муқобили онро талаб мекунад. Чунончи, агар аз сифатҳои Ӯ таоло қудрат бошад, пас, аз сифатҳои банда нотавонӣ аст; агар аз сифатҳои Ҳақ таоло бузургӣ ва бузургворӣ бошад, пас, аз сифатҳои банда хоксориву фурӯтанӣ аст ва ҳоказо.

Ин ҷо бароят баъзе таърифҳоеро меорем, ки бузургон аз убудияти банда мар Худои таолоро кардаанд:

1. Исо гуфт: «Убудият тарки даъво ва таҳаммул кардани балво ва дӯст доштани Мавло ﷻ аст».

2. Зуннун (қдс) гуфт: «Убудият он аст, ки ту дар ҳама ҳолатҳо бандаи Ӯ ﷻ бошӣ, ҳамчуноне ки Ӯ ﷻ дар ҳама ҳолатҳо Парвардгори ﷻ туст, ба мисдоқи ин қавли Паёмбар ﷺ: «Бандае дар назди Худованд ﷻ гиромитар аз бандае нест, ки Худои азза ва ҷаллро дар ҳама ҳолатҳо бандагӣ намояд».

3. Боз гуфтаанд: «Убудият аз назар баровардани ибодат ҳангоми мушоҳидаи Маъбуд ﷻ аст».

4. Ҳамчунин гуфтаанд: «Убудият дар чаҳор хислат аст: вафо ба аҳду паймонҳо, риояи қонунҳои Худои азза ва ҷаллро, ризо бо он чӣ ҳаст ва сабр кардан бар он чӣ аз даст рафтааст».

Нишонаҳои убудият

Убудиятро нишонаҳост ва аз ҷумлаи ин нишонаҳо тарки тадбир ва дидан аз тақдир ва ин аст, ки бандаро дар баробари Худо ﷻ набояд ихтиёре бошад.

Ҳикоят кардаанд, ки Иброҳим ибни Адҳам (раҳ) бандае харид. Пас гуфт:

– Чӣ хурӣ?

Гуфт:

– Он чӣ диҳӣ.

Гуфт:

– Чӣ кор кунӣ?

Гуфт:

– Ҳар коре маро фармоӣ.

Гуфт:

– Хоҳише туро бошад?

Гуфт:

– Куҷо хоҳиши банда дар баробари хоҳиши хоҷааш хоста шавад?

Пас, Иброҳим ба худ гуфт: Эй мискин, бандагӣ накардӣ Худоро ﷻ соате дар умрат мисли бандагие, ки ин туро кард дар ин ҳолат!

Имом Алии Хаввос (қдс) шогирди худ Шаърониро (қдс) чунин насиҳат кард: «Аз он чӣ Худои таоло ба ту фиристад, ба қадри ҳоҷати худ бихӯр ва бар ин маяфзой ва он чӣ аз ҳоҷатат зиёда аст, ба ҳар кӣ Худои таоло хост, бидеҳ ва дар тадбири корҳои худ тамоми тавони худро сарф накун ва аз Ӯ ﷻ бихоҳ, ки корҳоятро бо беҳтарин тадбир танзим намояд». Пас, Шаъронӣ (қдс) ба вай гуфт:

– Оё тавонам пурсид, ки маро аз ҳалол рӯзӣ гардонад?

Гуфт:

– Оре ва бигӯ: Худовандо ﷻ, онро бароям бобаракат гардон ва маро дар дунёву охират паноҳ бидеҳ, эй бениҳоят Бахшанда ва эй бисёр Омурзгор!

Сипас гуфт:

– Аз бетоқатӣ ба ҳангоми озмоиш барҳазар бош! Ҳар он кӣ амри худро ба Худованд ﷻ бисупорад, ӯро илму амал рӯзӣ гардонад, ҳатто пешво шавад. Ва Худованд ﷻ бар ҳар кор қодир аст.

ПОРАЕ АЗ «БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф Шайх Аҳмад Пир ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...