АХБОР

Путин тоҷикро бо медал қадрдонӣ кард
Шаҳрванди тоҷик Парвиз Камолов, ки дар Россия кору иқомат дорад, рӯзи 27 маи соли ҷорӣ бо фармони Президенти Россия бо диплом ва медали хотиравӣ қадрдонӣ шуд. Намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, ки Парвиз Камолов барои саҳмгузорӣ дар иқтисоди ин кишвар аз ҷониби роҳбари давлат бо медали “Барои саҳми фидокорона дар Созмони умумироссиягии ҳамкории бо номи “МоБоҳамем”-“МыВместе” сарфароз кард. Парвиз Камолов зодаи деҳоти Тоҷикистон буда, чанд сол пеш ба Россия омада, дар 100 гектар замин хоҷагии деҳқонии худро ташкил карда, дар як вақти кутоҳ ба комёбиҳои баланди парвариши сабзавот ноил шудааст.
Ҳамчунин Парвиз ба мардуми камбизоат, корафтода, боғчаи кӯдакони ятим ва ҳамшаҳриҳояш доим беғаразона дасти ёрӣ дароз мекунад. Соли гузашта, замони паҳншавии марази коронавирус Парвиз ба донишҷӯён ва оилаҳои тоҷике, ки дар минтақаи Шимолу-Шарқии Россия зиндагӣ дошта, мадад намудааст. Моҳи феврали ҳамин сол чанд донишҷӯи тоҷик аз шаҳри Москва соҳиби дорандаи ҷоизаи миллии “Донишҷӯ-2020” шуданд, ки яке аз онҳо Нусратуллоҳ Ҷӯраев мебошад, ки ба ӯ Путин соъат ва медали довталабро тақдим кард.

Сарчашма: Маркази матбуоти Президенти ФР
Табрикнома
Ҳайати эҷодии моҳномаи “Бо дуруд” бародарои меҳнатдӯсти хеш Парвиз Камолов ва Нусратуллоҳ Ҷӯраевро барои чунин комёбиҳои беназири рушти кишоварзии Россия ва хониши аъло самимона табрик гуфт.
Шайх Аҳмад-пир руҳониёни кишварро ба муносибати ҷашни иди бузурги Қурбон табрик гуфт.
Бародар ва хоҳарони азиз! Сипоси бепоён Худоро, ки барои мо шароит муҳаё карда, ки фарорасии яке аз ҷашнҳои хеле бузурги мардуми мусалмон-иди Қурбонро бо шодиву фараҳ пешвоз бигирем. Чунин рӯзҳои муҳим барои мардуми батақво дар меҳрубониву ғамхорӣ ва аз ҳама муҳим дар парастиш ва эҳтироми хеле баланд ба Офаридгори бузург хоҳад буд. Дар ин рӯзи муборак мусулмонони тамоми ҷаҳон анҷоми маросими қурбонӣ карданро ба ҷо оварда, садоқату боварӣ (имон)-и мустаҳкам доштани худро нишон медиҳад. Ҷашни Қурбон, диндоронро сарҷамъ (муттаҳид) сохта, дар онҳо эҳтиромгузорӣ на танҳо ба таърихи иди муқаддас, балки як навъ муносибати ба якдигар меҳрубон буданро таълим медиҳад.
Дар ин рӯз, муъминон қурбонӣ карда, якдигарро табрик гуфта, меҳмонии якдигар шуда, туҳфа медиҳанд. Ба ғайр аз ин, иди Қурбон 1 рӯзи анҷоми маросими Ҳаҷи Бузург буда, шаҳодат аз зиёраткунии Макка ва Мадинаи муқаддас мебошад. Афсӯс, ки имсол бинобар сабаби бемории ҳамагири короновирус мусалмони саросари ҷаҳон ба ғайр аз мардуми Арабистони Саъудӣ, сутуни 5-уми Ислом-Ҳаҷи Бузургро иҷро карда натавонист. Аз Худованӣ Бузург илтиҷои сиголиш (дуъо) дорам, ки беморонро шифо диҳад. Ҷамъияти моро аз оқибати дигар бемориҳо паноҳ дорад.
Илова бар ин, аз Офаридгор хоҳиш дорам, ки тамоми садақаву хайри содиқонаи маро қабул фармояд. Гуноҳҳои моро биомурзад, дилу руҳи моро покиза гардонад ҳама подоши амали неки моро зиёда гардонад. Ободӣ, тансиҳатӣ ва лутфи Худовандро бар Шумо бод, бародарон ва ҳодарони азизам! Иди Курбон маборак бошад! Бо сипоси бепоён.
Табрикот бо Иди Қурбон!
Ба ном ва ёди Худованди мехрубон. Дуруду саломи бепоён бар ҳазрати Муҳаммад e ва ҳамаи хонадону ёрону пайравонаш бод! Ҳамватанони азиз! Бо Иди саиди Қурбон (Азҳо) табрик ва таҳният гуфта барои шумо ва аҳли оилаатон аз даргоҳи илоҳи пеш аз хама эмони комил, саодатмандии дунё ва охиратро, сиҳатию саломатӣ, рузгори осуда, ризқи фаровон, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат ва файзу баракатро таманно дорам.
Инчунин таманнои онро дорам, ки бо кудуми мубораки ин Ид чи орзуҳои неке, ки дал дилҳоятон мепарваред чомаи амал пушанд ва ханда ҳеч вақт аз даҳонҳои шумо дур нагардад. Бигзор ҳамеша сарбаланд ва некном бимонед. Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак оқибати кори моро ба хайр гардонад. Муҳаббату самимиятро дар миёни мо тақвият бахшад. Гуноҳони ҳаммаи моро биомурзад ва ҳаммаи моро аз қатори беҳтаринҳо гардонад. Худованд ба ҳамагон тавфиқи аъмоли нек ва дар иҷрои ин ибодати молӣ имкониятро насиб гардонад. Худо ёру мададгори шумо бошад! Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид,
Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.
Теғро бар ҳалки Исмоили пайғамбар ниҳод,
Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид.

Бо камоли эҳтиром,
муҳаррир моҳномаи
«Ас-салом» «Бо дуруд»,
Муҳаммадфаррух Азимов