Дар метрои Маскав санҷиши телефонҳои мусофирон оғоз шуд

Дар метрои Маскав санҷиши телефонҳои мусофирон оғоз шуд

Аз 4-уми феврал дар метрои шаҳри Маскав телефонҳои мобилии мусофирон ба таври интихобӣ санҷида мешаванд. Ин тасмим дар доираи қоидаҳои нави амниятии Вазорати нақлиёти Русия гирифта шудааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик хостааст, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунанд ва ҳангоми санҷиш ба кормандони метро монеа эҷод накунанд.

Ба гуфтаи мақомот, санҷиш дар ҳолатҳои зарурӣ гузаронида мешавад ва чунин таҷриба аллакай дар Санкт-Петербург амал мекунад. Мақомоти Русия ин тадбирҳоро ба тақвияти чораҳои амниятӣ рабт медиҳанд, ки пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Холл” ва дигар ҳодисаҳо сахттар шудаанд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...