Молдова барои шаҳрвандони Тоҷикистон виза ҷорӣ мекунад

Молдова барои шаҳрвандони Тоҷикистон виза ҷорӣ мекунад

Ҳукумати Молдова тасмим гирифтааст, ки низоми сафарҳои бераводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон бекор намояд. Дар сурати тасдиқи ин иқдом, шаҳрвандони ин ду кишвар барои сафар ба Молдова бояд пешакӣ виза (раводид) гиранд.

Ба иттилои расмии Вазорати корҳои хориҷии Молдова, лоиҳаи қарори дахлдор аллакай таҳия шуда, қарор аст рӯзи 12 ноябри соли 2025 дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ шавад. Агар он аз ҷониби ҳукумат ҷонибдорӣ ёбад, лоиҳа барои тасдиқ ба парлумон ирсол мегардад.

Созишнома дар бораи сафарҳои бераводиди шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) соли 1993 дар шаҳри Бишкек ба имзо расида буд. Молдова ният дорад иштироки худро дар ин созишнома қатъ намояд.

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бекор шудани низоми бераводид танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон дахл хоҳад дошт. Шаҳрвандони Русия метавонанд ҳамоно бе виза ба Молдова сафар кунанд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...