Тоҷикистон соли оянда дар намоишгоҳи байналмилалии Ҷопон иштирок мекунад

Тоҷикистон соли оянда дар намоишгоҳи байналмилалии Ҷопон иштирок мекунад

Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии EXPO-2025, ки дар Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

 

Намоишгоҳи мазкур аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 таҳти шиори «Ташкили ҷомеаи оянда барои ҳаёти мо» баргузор мегардад.

Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2024 «Дар бораи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон» ба тавсиб расидааст.

«Бо ин мақсад дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис дода шавад. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли амалии масъалаҳои ташкилии Намоишгоҳи мазкур дар муддати як моҳ Дирексияи экспозитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон таъсис диҳад», — омадааст дар ин қарор.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...