Дастоварди математикҳои наврас

Дастоварди математикҳои наврас

Дар 26-умин Олимпиадаи соҳи-ли кишвари баҳри Балтика наврасон аз фанни математика «JBMO -2022» шаш нафар хонандагони тоҷик иштирок карда, ҷойҳои ифтихорӣ гирифтанд, хабар медиҳад котиботи Вазорати маорифи кишвар.

Ин озмун аз 28 то 3-юми июли соли равон дар шаҳри Сараевои Ҷумҳурии Босния ва Герсеговина баргузор шуд. Толибилмони тоҷик, ки дар ин озмун иштирок карданд, хонандагони синфҳои 7-8 буданд.

Манбаъд меафзояд, ки риёзидонҳои навраси тоҷик дониши худро бо ҳамсолони хеш аз 20 кишвари дунё санҷиданд. Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки дар як озмуни дигари байналмилалӣ, ки ҳамасола донишгоҳи Қазоқистон ташкил мекунад, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Хуҷанд ҷойи якум гирифта, соҳиби шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллар гардид. (Пресса.тж)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...