Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ҷашн мегирем.

Ин рӯзи таърихӣ навиди сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад. Дар ин рӯз мо ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ба роҳи тӯлонӣ ва пурмашаққате, ки халқи тоҷик тай кардааст, назари дигар меандозем. Маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар кишвар сулҳу субот таъмин гардида, давлатдории миллӣ қавитар шуда, эътимоди мардум ба ояндаи худ афзудааст.

Барои ҳар миллате, ки давлати миллии худро бунёд менамояд, Президент ҳамчун рамзи ифодакунандаи ормонҳои он миллат аз ҷойгоҳи бузург бархӯрдор аст. Президент на танҳо роҳбари давлат, балки шахсиятест, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз паҳлуи мардум меистад ва барои сарбаландии Ватан ҷонфидоӣ мекунад. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба ин рӯз — ин арҷгузорӣ ба таърих, ба дастовардҳои миллӣ ва ба ояндаи дурахшони кишвар аст.

Рӯзи Президент барои ҳар як шаҳрванд фурсатест, ки ба масъулияти худ дар назди Ватан боз ҳам амиқтар андеша кунад ва дар ободиву рушди кишвар саҳми арзандаи хешро гузорад. Биёед ин рӯзро бо эҳтиром, ифтихор ва нияти нек пазироӣ кунем ва барои ободии Тоҷикистони азизамон якҷоя талош варзем.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...