Марди тоҷик кӯдаки 11-моҳаи русро наҷот дод

Марди тоҷик кӯдаки 11-моҳаи русро наҷот дод

 

Як муҳоҷири тоҷик кӯдаки 11-моҳаи русро, ки бо шикам дар рӯйи роҳ мехазид, аз хатари зери чархи ягон мошин мондан наҷот додааст.

 

Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар доданд. Бахтиёр Исмоилов зодаи Тоҷикистон буда, беш аз 20 сол боз дар вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунад. Ин марди тоҷик масъули дастрас намудани хӯрока ба муштариён буда, ҳини баргаштан аз кор чашмаш ба як духтарчаи хурдакак афтидааст, ки бо шикам дар роҳ мехазид. Мард дарҳол кӯдакро ба бағал гирифта, дар рӯйҷои гарм печондааст ва ба кормандони пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар додааст. Тахминан пас аз 10 дақиқа бибии кӯдак пайдо шуда, талаб кардааст, ки духтарчаро ба вай диҳад, вале бо сабаби он ки пиразан суроға ва рақами телефони волидони кӯдакро намедонист, Бахтиёр Исмоилов ба набераи ин зан будани кӯдак шубҳа намуда, духтарчаро надодааст. Ҳамин тавр, ин марди тоҷик то расидани кормандони пулис ва табибон духтарчаи хурдакакро дар оғӯши худ гарм намуда, ором кардааст. Бо шарофати ин марди меҳрубон кормандони пулис тавонистаанд кӯдакро сиҳату саломат ба волидонаш баргардонанд. Ба гуфти табибон, духтарча каме шамол хӯрда бошад ҳам, вазъи саломатиаш айни замон хуб аст. Модари кӯдак ба Бахтиёр Исмоилова барои наҷот додани фарзандаш миннатдорӣ баён намуда, гуфтааст, ки пиразан дар ҳақиқат бибии духтарчааш мешавад, вале бемории рӯҳӣ дорад.

 

«Фирӯза Саттори»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...