Муҳоҷирони тоҷик барои қонунӣ гардонидани фаъолияташон дар Русия 10 рӯзи дигар вақт доранд

Муҳоҷирони тоҷик барои қонунӣ гардонидани фаъолияташон дар Русия 10 рӯзи дигар вақт доранд 

Муҳоҷирони тоҷик барои қонунӣ гардонидани фаъолияташон дар Русия 10 рӯзи дигар вақт доранд

Ҳукуматдорони Русия ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонанд, ки барои қонунӣ гардонидани будубоши худ дар Федератсияи Русия онҳо танҳо 10 рӯзи дигар вақт доранд. Шахсоне, ки то санаи 10-уми сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худо ба тартиб намедароранд, аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд. Дар Федератсияи Русия то 10-уми сентябри соли 2025 фармони Президенти Федератсияи Русия таҳти рақами 1126 амал мекунад, ки ба хориҷиён имкон медиҳад вазъи ҳуқуқии худро бидуни хатари депортатсия танзим намоянд. Пас аз ба итмом расидани муҳлат, ихроҷ намудан ва манъи вуруди муҳоҷирони ҳуҷҷатҳояшонро ба расмият надароварда имконпазир аст. Барои ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои худ ва қонунӣ гардонидани будубошашон дар қаламрави Федератсияи Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба ин ниҳодҳо муроҷиат намоянд: - Намояндагиҳои хадамоти шиносномавӣ-раводиди ВКД ФР; - Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба муҳоҷират -Маркази «Сахарово» дар Москва. Суроғаи Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои гирфтани машварати ҳуқуқӣ: +7 (967) 271-02-02 +7 (988) 676-00-00 +7 (966) 031-22-22 +7 (936) 174-19-92 +7 (926) 586-03-00 WhatsApp: +7 (999) 912-58-68 • Округи Приволже, Уфа: +7 (926) 311-52-53 •Округи шимолу ғарбӣ, Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69 Округи ҷанубӣ, Краснодар: +7 (901) 344-77-77 •Округи Сибирс, Новосибирск: +7 (929) 388-54-11 •Округи шарқи дур, Хабаровск: +7 (909) 809-55-48 •Округи Урал, Екатеринбург: +7 (916) 555-74-97.

 

Фирӯза Саттори

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...