Нархи сафар ба Ҳаҷ маълум шуд

Нархи сафар ба Ҳаҷ маълум шуд

Нархи сафар ба Ҳаҷ маълум шуд

Нархи хизматрасониҳои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар карда шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 200 сомонӣ арзонтар аст. Пардохти маблағ танҳо тавассути “Ориёнбонк” тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.

 

Сафари Ҳаҷ дар соли 2025 дар нимаи дуюми моҳи май оғоз мешавад ва то нимаи моҳи июн давом хоҳад кард.

Дар нархномаи сафар тамоми хидматрасониҳои муҳим дохил шудаанд, аз ҷумла:

  • харида чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт);
  • иҷораи меҳмонхона дар Макка ва Мадина;
  • хизматрасонии роҳбаладон;
  • таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар;
  • шароити иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа;
  • пардохти маблағи қурбонӣ;
  • нақлиёти интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина;
  • ташкили нуқтаҳои тиббӣ ва таъмини доруворӣ;
  • суғурта;
  • пардохти боҷи давлатӣ;
  • китоб дар бораи маносики Ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо.

Ба гуфтаи Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, ин нархнома бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мувофиқа шудааст.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...