Дар Русия барои қабули имтиҳон аз муҳоҷирон нархномаи ягона ҷорӣ мешавад

Дар Русия барои қабули имтиҳон аз муҳоҷирон нархномаи ягона ҷорӣ мешавад

Дар Русия барои қабули имтиҳон аз муҳоҷирон нархномаи ягона ҷорӣ мешавад

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия пешниҳод намудааст, ки барои қабули имтиҳони забони русӣ аз муҳоҷирон дар саросари кишвар нархи ягона ҷорӣ карда шавад.

 

Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд. - Аз хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардан мехоҳанд, барои супурдани имтиҳони забони русӣ 2950 рубл талаб карда шавад. Барои супурдани имтиҳони таърих ва асосҳои қонунгузории Русия низ ҳамин нархро бояд ҷорӣ намуд,- гуфтааст ин ниҳод. Ҳамин тавр, барои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Русия иҷозаи зисти муваққатӣ бигиранд, нархи имтиҳони забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русия 5900 рубл мешавад. Муҳоҷирони меҳнатӣ бошанд, барои гирифтани патент ва иҷозаи кор барои ҳар як имтиҳон бояд 3800 рубл супоранд. Ба навиштаи “Парламентская газета”, аз ҳисоби ин маблағ музди меҳнати кормандони пулис боло бурда мешавад. Лоиҳаи қарор дар бораи таъини нархномаи ягонаи имтиҳонҳо барои муҳоҷирон то 7-уми ноябр мавриди омӯзиш қарор мегирад. Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори Думаи давлатии Русия ширкатҳои хусусӣ дигар ҳуқуқи қабул кардани имтиҳонро аз муҳоҷирони меҳнаӣ надоранд. Дар ҳар минтақаи Русия як донишгоҳи давлатӣ вазифадор карда шудааст, ки аз муҳоҷирон имтиҳон бигирад.

 

(«Пресса.тж»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...