Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия бомаром рушд ёфта, мулоқотҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар даврони истиқлол созишномаҳои зиёди байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расида, Тоҷикистону Русия ҳамчун шарикони стратегӣ ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд.

 

Сипас, Давлаталӣ Саид дархосту пешниҳодҳои ҳозиринро шунида, ҷиҳати баррасӣ ва иҷрои онҳо ба масъулини дахлдор супориш дод. Таъкид гардид, ки ҳамкорӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ минбаъд низ тақвият ёфта, пешниҳодҳои созанда мавриди дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар охир аз соҳибкорону сармоягузорони бурунмарзӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузошта, барои рушди истеҳсолот, афзоиши содирот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ободу зебо гардидани вилояти Хатлон фаъолона иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Руссия қарор дорад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...