Наздики 200 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд

Наздики 200 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд

Мақомоти Русия шумораи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки соли равон шиносномаи Русия гирифтаанд, эълон кард. Аз ин омор бармеояд, ки ҳатто амалиёти махсуси ҳарбӣ дар Украина ва вазъи кунунии Русия натавонистааст мавҷи тоҷикистониёни талабгори шаҳрвандии ин кишварро кам кунад...

 

 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар давоми нуҳ моҳи соли 2022- юм 119 ҳазору 605 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Тибқи иттилои манбаъ, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 нафар ва ҳар се моҳ 45,5 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд. “Теъдоди хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст”,- менависад ин манбаъ. Соли гузашта 103 ҳазор зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд. Яъне ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 288 зодаи Тоҷикистон шиносномаи Русияро мегирифтанд. Тавре аз ин омор бармеояд, амалиёти махсуси низомии Русия дар қаламрави Украина, басиҷи низомӣ ва вазъи номаълуми ин кишвар ҳам натавонистааст монеи дархости шаҳрвандӣ намудани тоҷикистониён шавад. Ёдовар мешавем, ки соли равон наздики 400 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мақоми шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки бештарашон шаҳрвандони Украина ҳастанд. Тоҷикистон дар ин рада мақоми дуюмро гирифтааст. Барои муқоиса, бо вуҷуди он ки шумораи муҳоҷирони ӯзбек дар Русия аз тоҷикҳо хеле бештар аст, аз аввали сол ҳамагӣ 19 ҳазор зодаи Ӯзбекистон, яъне 100 ҳазор нафар камтар аз тоҷикҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Шумораи шаҳрвандони нави Русия аз ҳисоби зодагони Қирғизистон 16 ҳазор, аз Озарбойҷон 17 ҳазор, аз ҳисоби зодагони Қазоқистон 31 ҳазор ва аз ҳисоби арманиҳо 32 ҳазор бештар шудааст. “Бо назардошти он ки боз 162 ҳазор тоҷики дигар дар Русия ҳақи иқомати доимӣ ё муваққатӣ (РВП ва ВНЖ) доранд (аз ин шумора 114 ҳазор имсол ин ҳақро ба даст овардаанд), метавон гуфт, ки тоҷикҳо дар дарёфти шаҳрвандии Русия дар солҳои наздик ҳамчунон дар сафи пеш боқӣ хоҳанд монд”,- менависад манбаъ. Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф аллакай қариб як миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон, аксаран бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ва коршиносон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ки дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Соли 2016 23 ҳазор нафар. Соли 2017 29 ҳазор нафар. Соли 2018 35,7 ҳазор нафар. Соли 2019 44,7 ҳазор нафар. Соли 2020 63,3 ҳазор нафар. Соли 2021 103,6 ҳазор нафар. Аз январ то сентябри 2022 - 119 ҳазору 609 нафар.

 

Д. Қодирпур

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...