Дар Душанбе Маркази омӯзиши мутахассисони метро таъсис меёбад

Дар Душанбе Маркази омӯзиши мутахассисони метро таъсис меёбад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кард, ки барои омода кардани мутахассисони метро ва роҳи оҳан дар Душанбе Маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисос таъсис дода мешавад.

 

Ба гуфтаи манбаъ, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва директори Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) Канг Синг Хон рӯзи 26-уми феврал таъсиси марказро баррасӣ карданд. Пешниҳод аз ҷониби ҷониби Корея манзур шуда, вазорати нақлиёт онро дастгирӣ намудааст.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ният дорад дар ҳамкорӣ бо мутахассисони кореягӣ метрои зеризаминӣ бунёд кунад. Сохтмони аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷанубии пойтахт ба маркази шаҳр дар тобистони соли 2025 оғоз мешавад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...