Суҳбат бо Юрий Московский

Суҳбати мухбири “Бо дуруд” бо роҳбари барномаи “Ҳамсоягони нек” (Добрососедство) ва раиси Комиссияи Шӯрои кор бо миллатҳои назди ҳукумати шаҳри Москва Юрий Московский.
“Бо дуруд”: То моҳи марти соли 2018 шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба хусус аз давлатҳои собиқ Шӯравӣ дар Россия чӣ миқдор буд?
Юрий Московский: То оғози пандемия, яъне соли 2020 дар Россия 2 миллиону 300 ҳазор хоричӣ иқомат дошт, ки мақсади асосии онҳо танҳо кор кардан буд. Илова бар ин, зиёда аз 280 ҳазор донишҷӯ, ки то 90% онҳо аз Иттиҳоди давлаҳои мустақил (ИДМ) буда, дар донишгоҳи Россия таҳсил дорад. Аз Тоҷикистон имрӯзҳо наздики 30 ҳазор донишҷӯ таҳсил дорад, ки 10%-ро ташкил медиҳад.
“Бо дуруд”: Овозае ҳаст, ки дар Россия гӯё аз 15 то 25 миллион шаҳрванди хориҷӣ кору иқомат дорад. Чунин ҳисоббарориро шарҳ диҳед, ки барои чӣ расман адади ягонаеро пайдо кардан мушкил аст?
рий Московский: Баҳисобгирии шумораи шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи идораҳои давлатӣ дар дигар кишвар ҳар хел сурат мегирад. Масалан пажуҳиши коршиносони Созмони байналмиллалии муҳоҷират (IOM, МОМ) дар он аст, ки онҳо ҳар як одами дар Россияи имрӯза таваллуд нашударо муҳоҷир меҳисобанд. Ҳамаи русҳое, ки то соли 1991 дар дигар кишварҳо таваллуд шудаву имрӯз шаҳрванди Россияанд, ба монанди Владимир Жириновский, ки дар Алма-Ато ба дунё амадааст, муҳоҷири меҳнатӣ мешуморанд.
“Бо дуруд”: Дар қаламрави шаҳар ва вилояти Москва солҳои охир чӣ миқдор шаҳрванди хориҷӣ иқомат дорад?
Юрий Московский: Дар шаҳри Москва наздики 800 ҳазор шиносномаи давлатҳои хориҷӣ дошта, 70 ҳазори дигар донишҷӯ аз хориҷ таҳсил дорад. Бояд гуфт, ки Москва бузургшаҳр (мегаполис) аст ва дар 1 шабонарӯз ба воситаи нақлиёти ҳавоҳӣ, роҳи оҳан, дарёйӣ ва роҳи мошингард аз 3 то 4 миллион одам аз атроф ва аз хориҷ гузар карда, аз пайи кору рӯзгори худанд. Ҷамъияти расман ба қайд гирифтааш наздики 17 миллон, вале дар 1 шабу рӯз зиёда аз 20 миллион мардум ҳузур дорад. Наздики 2 миллиони он мардуми тоҷик, ӯзбек ва қирғиз мебошад. Ҷамъ дар вилоятдории Москва наздики 8 миллион мардуми муқимӣ ва наздики 3 миллион шаҳрванди хориҷӣ дар мактаб, донишгоҳ ва хоҷагиҳои гуногун фаъолият дорад.
“Бо дуруд”: Чӣ қадар шаҳрванди хориҷӣ то оғози соли 2020, ё пеш аз паҳншавии марази пандемия аз Россия бароварда, ё ронда шуда буд?
Юрий Московский: Дар ин 10 соли охир мардуми зиёде дар дохили кишварҳо ва аз 1 шаҳр ба дигар ҷой рафту омади хеле зиёд кардаанд, ки шумораи онро гуфтан мушкил аст. Мо ҳамин қадарро медонем, ки то ин замон аз қаламрави Россия зиёда аз 3 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо сабабҳои гуногун бароварда шуд, ки барои бори дигар то 5 соли наздик иҷозати баргаштан надоранд.
“Бо дуруд”: Мо бисёр вақт дар ВАО ибораҳои баровардан (выдворение), ё рондан (депортатция)-ро мешунавем. Фарқ миёни ин 2 ибораи ҳуқуқӣ дар чист? Юрий Московский: Баровардан (выдворение), маънои онро дорад, ки хориҷие, ки қонуни дар бораи шаҳрвандони хориҷиро риоя накунад, расман аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки қаламрави Россияро худаш, мустақилона тарк кунад. Рондан (депортатция) бошад, аз ҳисоби ВКХ Россия ҷинояткорони вазнинро ба Ватан маҷбурӣ баровардан буда, дар бисёр ҳолат бозгашти онҳо тамоман ғайри имкон мегардад.
“Бо дуруд”: Ҳолати кӯдакони хориҷӣ, шумора ва будубоши онҳо чӣ хел мебошад? Юрий Московский: Бо падару модар сафар кардани кӯдакон низ дар тамоми дунё қариб як хел буда, одатан замони аз дарси мактаб озод будан ба ҳар ҷо бурда мешаванд. Дар шаҳри Москва 4 соли пеш 20 ҳазор кӯдакон аз хориҷ оварда шуда буд. Ин аз рӯйи он шумора аст, ки агар яке аз волидайн шаҳрванди Россия бошад. Ҳуқуқи кӯдакони хориҷӣ дар боғча, мактаб ва дар табобат баробари кӯдакони Россия мебошад, агар ҳуҷҷати волидайн дар ноҳияи зист дуруст бошад. Мушкилӣ дар он аст, ки волидайн дар як ноҳия дар қайди расмӣ буда, дар ноҳияи дигар кор мекунанд, ки барои дар кӯдакистон, ё мактаб таҳсил карданаш имкон надорад. Чуни ҳолат ба шаҳрвандони Россия низ дахл дорад. Дар ҷои иқомати доимӣ ҳамаи ҳуқуқи кӯдакон иҷро карда мешавад. Хулоса, падару модари кӯдак дар кадом ноҳияе аз қайди расмӣ гузашта бошад, кӯдак аъзои баробарҳуқуқи ҷамъият аст.
“Бо дуруд”: Шумо зиёда аз 10 сол дар Комиссияи Шӯрои кор бо миллатҳои назди ҳукумати шаҳри Москва фаъолият доред. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки имрӯз дар қаламрави Россия, ё шаҳри Москва кору таҳсил доранд, чӣ гуфтанӣ доред.
Юрий Московский: Бале, чанд сол аст, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ кор дорам ва бисёр тарафҳои мушкилии онҳоро низ аз наздик шинос ҳастам. Комиссия назди шаҳрдории Москва доим дар беҳтар кардани ҳолати зисту таҳсил ва ба кор таъмин кардани хориҷиён аст. Боз ҳам аз дӯстони азизи мо, ки аз кишварҳои хориҷи наздики Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизитон омада, хоҳиш дорам, ки сари вақт аз қайди расмӣ гузаред. Аз тарафи шаҳр ва вилоятдории Москва идораҳои давлатии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ хуб ба роҳ монда шудааст, ки истифода бурда, рӯзгори хешро беҳтар намоед. Аз фурсат истифода бурда, ба воситаи рӯзномаи Шумо гуфтанӣ ҳастам, ки зиёда аз 94% шаҳрвандони тоҷик мардуми хеле меҳнатдӯст, поквиҷдон буда, дар ободии хоҷагии халқи шаҳру вилоятдории Москва саҳми баланд доранд. Борҳо аз тарафи шаҳрдор ва идораҳои расмӣ ва ҷамъиятии Москва тоҷикон бо сипосномаҳо қадрдонӣ шудаанд.
“Бо дуруд”: Ташаккур барои суҳбат! Юрий Московский: Обод бошед!

ШАМСИДДИНИ МУҚИМ
Имсол ҳам ҳаҷ иҷозат нест!
Мақомоти Арабистони Саудӣ ба далели пандемияи коронавирус имсол низ ба зоирони хориҷӣ иҷозати зиёрати Маккаву Мадина барои анҷоми маносики Ҳаҷро надоданд. Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ қарор кард, ки шумори зоиронро дар рӯзҳои Ҳаҷ бо ҳамагӣ 60 ҳазор нафар маҳдуд кунад. Мақомот танҳо ба сокинони худи Арабистони Саудӣ иҷозати Ҳаҷ доданд ва он ҳам ба сокинони синнашон аз 18 то 65, ки ягон бемории сироятӣ надошта бошанд ва аз коронавирус ваксина гирифта бошанд.
Вазорати Ҳаҷ ва Умраи Арабистони Саудӣ дар изҳороташ гуфт, мақомоти Саудӣ “ҳамеша ба масоили амният ва тандурустии зоирон аҳамияти бузург дода, ин масоилро дар раъси бартариҳои худ қарор медиҳанд.” Дар Арабистони Саудӣ то имрӯз беш аз 460 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шуда, ин вирус сабаби марги беш аз 7500 нафар шудааст. Мақомоти Саудӣ соли 2020 низ ба далели коронавирус сафари зоирони хориҷиро барои анҷоми маносики Ҳаҷ манъ карда буданд. То даврони пандемияи коронавирус ҳар сол то ду миллион зоир аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла то 6300 зоир аз Тоҷикистон, дар мавсими Ҳаҷ ба Маккаву Мадина меомад.

Пресса тж