Сафорати тоҷикистон мекӯчад

Сафорати тоҷикистон мекӯчад

Сафорати тоҷикистон мекӯчад

Дар Маскав намояндагии дипломатии Тоҷикистон тағйири макон мекунад,- иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

 

Ба иттилои вазорат, сафорати кишвар дар Русия, ки солҳои сол дар Маскав дар кӯчаи Гранатний переулок буд, акнун ба бинои Меҳмонхона (Гостевой дом)-и Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская, кӯчаи Чаянов, бинои 3 қарор дорад, кӯч мебандад. Ёдовар мешавем, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни сафараш ба Русия бо ҳамтои русаш мулоқот кард. Баъд аз музокирот миёни Русияву Тоҷикистон Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Меҳмонхона (Гостевой дом)-и Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Маскав, дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская ва кӯчаи Чаянов, дар фосилаи ҳамагӣ 550-600 метр аз истгоҳҳои метрои Белорусская ва Маяковская ҷойгир шудааст.

 

«Пресса.тж»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...