VIII-умин бозиҳои варзиши тобистонаи “Кӯдакони Осиё” дар Ёқутистон

VIII-умин бозиҳои варзиши тобистонаи “Кӯдакони Осиё” дар Ёқутистон

VIII-умин бозиҳои варзиши тобистонаи “Кӯдакони Осиё” дар Ёқутистон

Рӯзи 13-уми декабри соли равон намоиши VIII-умин бозиҳои тобистонаи варзиши байналмиллалии “Кӯдакони Осиё” зери раёсати Намояндаи доимии ҳукумати Ҷумҳурии Саха Ёқутистон дар назди Президенти Россия дар шаҳри Москва баргузор карда шуд.

 

Дар намойиш намояндагон аз сафорату васоити ахбори омма аз кишварҳои Чин, Ҳиндӯстон, Таиланд, Шри-Ланка, Баҳрейн, Муғулистон, Қазоқистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Сурия, Қирғизистон ва Лаосро даъват карда, бо рафти гузаронидани бозиҳо ошно карда шуд. Низ бояд гуфт, ки дар намойиш намоянда аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи байналмиллалии бозиҳои “Кӯдакони Осиё” ва намояндагони расмӣ аз давлати Ҷумҳурии Ёқутистон иштирок доштанд.

Андрей Федотов, Намояндаи доимии ҳукумати Ҷумҳурии Ёқутистон ва Кумитаи тадорукоти бозиҳои “Кӯдакони Осиё” дар назди даъватшудагон баромад карда, аз рафти кори омодагӣ ба бозиҳо маълумот дод: “Бояд гуфт, ки бозиҳои “Кӯдакони Осиё” ба макони таъсисгашта, ба зодгоҳи хеш Ёқутистон бармегардад. Якумин бозиҳои “Кӯдакони Осиё” соли 1996-ум дар шаҳри Ёқут ташкил шуда, гузаронида шуда буд, ки то ҳол барои мардуми ин ҷумҳурӣ фахру шарафи хоса дорад. Ин бозиҳо аз ҷониби Президенти Россия низ дастгирии хоса дорад. Боварии комил дорам, ки барои насли наврас ин бозиҳо ояндаи хубе барпо сохта, барои гузоштани нақши босазои онҳо дар таърихи кишвари мо асос хоҳад гузошт”.

Бозиҳои варзиши “Кудакони Осиё” на танҳо дар Россия балки дар минтақаи Осиё низ маъракаи бузурги варзишӣ миёни кӯдакону наврасон гардидааст. Ин навбат варзишкорони ҷавони то 16 сола аз рӯйи 24 навъи бозиҳои олимпӣ ва дигар мусобиқаҳои миллӣ баромад хоҳанд кард. Ҳамчунин барои дар байни мардуми ҷаҳон паҳн кардани фарҳанги варзиши милӣ ба монанди гуштини кураш, хаспай, алиш ва яке аз маъмултарин бозии мардуми ёқут бо номи ҷаҳиш (мас-реслинг), ки имрӯз дар бисёр кишварҳои олам гузаронида мешавад, дохил карда шуд.

Владимир Максимов, Президенти кумитаи байналмиллалии “Кӯдакони Осиё” баромад карда хабар дод, ки барои иштироки варзишкорон қабули дархосту пешниҳод аз кишварҳои ҷаҳон то рӯзи 1-уми марти соли 2024 идома дорад. Кумитаи қабули дархост ба пуррагӣ фаъол буда, то имрӯз варзишкорон аз 20 давлати дунё иштироки хешро расман пешниҳод кардаанд. Умедворем, ки то аввали моҳи марти соли оянда варзишкори ҷавон аз 30 кишвари дунё ба кишвари мо дар мусобиқаҳо қувваозмойӣ хоҳад кард.

Михаил Хорев, намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Россия сухан гуфта, ишора ба он кард, ки бозиҳои “Кӯдакони Осиё” дар пахшу маъмул кардани варзиши олимпӣ миёни кӯдакону наврасон аҳамияти хеле бузург дошта, ҳамзистии осойиштаро дарозтар хоҳад кард.

Президенти Кумитаи олимпии Россия Станислав Поздняков низ дар маърака ишитроки фаъол карда, иброз аз он кард, ки барномаи бозиҳоро қабул карда, намоянди Кумита дар бозиҳо иштирок хоҳад кард. Аз рӯзи аввали таъсис Кумитаи олимпии Россия бозиҳои “Кӯдакони Осиё”-ро ҳамаҷониба дастгирӣ дорад ва ҳамроҳи ҳукумати Ёқутистон дар таъсиси он саҳми бузург дорад.

Барои хонандаи муҳтарами “Бо дуруд” эълон дорем, ки VIII-умин бозиҳои тобистонаи варзиши байналмиллалии “Кӯдакони Осиё” аз 25-уми моҳи июн то 7-уми июли соли 2024 дар шаҳри Ёқут баргузор хоҳад шуд. Дар 24 навъи мусобиқи ба нақша гирифта, зиёда аз 3 ҳазор варзишкори ҷавонро интизоранд. Ба бозиҳои тобистонаи “Кӯдакони Осиё” 2 иншооти бузург ва зиёда аз 14 бинои бузурги варзиширо аз нав сохта, таъмир низ хоҳанд кард. Ҷамъ дар ин шаҳри дурдасти Ёқут зиёда аз 70 иншоот барои гузаронидани бозиҳо дар хидмати меҳмону варзишкорон пешниҳод хоҳад шуд.

 

Шамсиддини Муқим

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...