Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba Group International Engineering Co., Ltd сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Айнӣ»-ро бо иқтидори 160 мегаватт ва нерӯгоҳи «Ёвон»-ро бо иқтидори 100 мегаватт ба уҳда мегирад. Масъалаи амалисозии лоиҳа рӯзи 25-уми июл зимни мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони ширкати чинӣ баррасӣ шудааст.

Ин хабар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳанӯз аз соли 2018 роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи истифодаи муштараки захираҳои гидроэнергетикии ҳавзаи Зарафшон ба мувофиқа расида буданд. Дар пайи ин мувофиқаҳо, солҳои 2020 ва 2025 ҷонибҳо барои омода намудани асосноккунии техникиву иқтисодӣ ва муайян кардани тартиби иштирок дар сохтмон гуфтушунид анҷом дода, ҳатто созишномаи дахлдорро ба имзо расонида буданд.

Тибқи нақшаҳои қаблӣ, нерӯгоҳи «Ёвон» бояд бо арзиши тахминии 282 миллион доллар ва иқтидори то 140 мегаватт сохта шуда, солона то 800 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол мекард.

Нерӯгоҳи дуюм, ки дар минтақаи Фон пешбинӣ шуда буд, арзиши тахминии 270 миллион доллар дошта, бояд то 135 мегаватт иқтидор ва беш аз 500 миллион киловатт-соат истеҳсол менамуд. Он замон мақомоти Ӯзбекистон изҳор дошта буданд, ки маблағгузории асосии тарҳро дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ таъмин хоҳанд кард.

Ҳоло ҷалби ширкати чинӣ нишон медиҳад, ки механизми амалисозии тарҳ тағйир ёфтааст. То имрӯз мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сабаби чунин тағйиротро шарҳ надодаанд. Аз ин рӯ, маълум нест, ки Ӯзбекистон аз тарҳ пурра канор рафтааст ё танҳо нақши сармоягузор ва пудратчӣ ба ҷониби Чин дода шудааст.

Ин тағйирот бо назардошти нақши рӯзафзуни Чин дар иқтисоди Тоҷикистон низ қобили таваҷҷуҳ аст. Солҳои охир ширкатҳои чинӣ дар кишвар бештар дар бахшҳои роҳсозӣ, истихроҷ ва коркарди маъдан фаъолият доранд.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...