Патент дар Тоҷикистон, кор дар Маскав

Патент дар Тоҷикистон, кор дар Маскав

Патент дар Тоҷикистон, кор дар Маскав

Аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Маскав рафтан мехоҳанд, пешакӣ дар Душанбе барои гирифтани патент ариза дода метавонанд. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Душанбе Маркази муҳоҷирати Маскав ифтитоҳ шуд, ки аризаи муҳоҷиронро барои гирифтани патент қабул мекунад.

“Як қисми ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон омода шуда, пас аз ин ба муҳоҷир танҳо лозим меояд, ки ҳозир шуда, барои амалисозии фаъолияти муваққатии корӣ патент гирад”,- шарҳ доданд дар вазорат.

Маросими ифтитоҳи марказ рӯзи 9-уми ноябр бо иштироки муовини вазири меҳнати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, вазифаҳои марказ аз роҳандозии пойгоҳи маълумот дар бораи ҷойҳои корӣ ва корҷӯён, ташкили суҳбатҳои онлайнӣ ва баҳодиҳӣ ба салоҳиятнокии касбии номзадҳо ба ҷойҳои корӣ иборат аст. Ғайр аз ин, дар ин ҷо ба шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба қоидаҳои будубош ва кор дар Русия машварат дода мешавад.

“Тариқи марказ тоҷикистониён пешакӣ аз ҷойҳои кории холӣ дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳои шаҳр ва вилояти Маскав сарфи назар аз шакли моликияташон огоҳ карда мешаванд. Мутаносибан ба корфармоҳо низ дар бораи мутахассисони Тоҷикистон маълумот дода мешавад. Номзадҳо ба ҷойҳои корӣ бояд анкета (маълумотнома) пур кунанд”,- гуфтанд дар вазорат.

Дар марказ инчунин метавон ба қабул дар Маркази муҳоҷирати Маскав номнавис шуда, дар харидани билет низ кумак дастрас намуд.

Марказ дар суроғаи кӯчаи Садриддин Айнӣ, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт воқеъ аст.

Қобили зикр аст, ки ифтитоҳи марказ дар ҳошияи ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Пресса.Тж

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...