АХБОР

Табрикот бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Муфтии Ҷумҳурии Доғистон Шайх Аҳмад пир мардуми кишварро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик гуфт
«Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ! Бародарону хоҳарони азиз! Ҳамаи шумоёнро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон самимона табрик мегуям. Дар ин айёми муборак аз шумо хоҳиш менамоям, ки як дақиқаро ҳам аз даст надода, боз ҳам бештар ба корҳои хуб машғул шавед, нисбат ба ҳамдигар меҳру шафқат зоҳир намоед, дар сухан ё амал ҳар гуна дастгирӣ ба ҳамдигар кунед на танҳо ба наздиконатон, балки инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар вазъияти душвор дучор меоянд. Бародарон ва хоҳарони азиз, моҳи шарифи Рамазон айёми корҳои хайру покиза, таҳаммул ва меҳрубони аст, пас биёед кушиш кунем, ки корҳои хайрро бештар кунем. Аз Офаридгор дар ин замони душвор талаб мекунам, ки рӯҳу қалби моро қувват бахшад, ақли моро пок созад ва аз дардҳо шифо бахшад. Худованди мутаъол ба мо кумак кунад, ки ин вақти муборакро дар беҳтарин ибодатҳо гузаронем. Бигзор рӯзадории мо барои поксозии ҳама гуна гуноҳ ва омурзиши ҳамаи гуноҳҳоямон бошад. Аз Офаридгор дуо мекунам, ки ба мо лутфу мағфират ато кунад, барои амалӣ намудани ниятҳои нек ва ҳадафҳои нек ба мо қувват ато намояд. Биёед дар ин замони душвори Ватанамон дар ҳаққи ҳамдигар дуо кунем, ёрӣ диҳем, эҳтиром кунем, ба ҳамдигар намуна бошем ва аз ҳама муҳимаш ба Худованди бузург ҳамду сано гӯем ба он неъматҳое, ки ба мо ато кардааст! Аз даргоҳи Худованди мутаъол хоҳонам, ки ба ҳамаи мо сабри ҷамил ато кунад, ин рӯзҳои муқаддасро барои мо муборак гардонад, моро аз бемориҳо, балоҳо ва мусибатҳо наҷот диҳад. омин».
Дар Душанбе метро месозанд

Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея барои сохтмони метро дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расидаст. Тавре ки ин вазорат хабар додааст, Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, раис – директори иҷроияи он Ким Ҳангёнг ба имзо расонидаанд. Азим Иброҳим зикр кардааст, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем. «Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд», — таъкид намудааст Азим Иброҳим.
Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷикро ба қаламрави Русия роҳ надоданд

Гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва банд монда буданд, ба Душанбе фиристода шуданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки сабаби банд мондани шаҳрвандони кишвар шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия аст. Мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москваро Сафорати Тоҷикистон дар Русия пайгирӣ карда, чунин маълумот додааст: «Сафорат масъалаи марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва дармондаанд, мавриди пайгирию назорат қарор додааст. Кормандони Сафорат вобаста ба масъалаи мазкур бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қаламрави Федератсияи Россия овардаанд, гуфтушунид анҷом дод. Масъалаи баргардонидани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад. Сафорат аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш намудааст, ки минбаъд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насабашонро дар Ватан барои иҷозати вуруд тафтиш намоянд.
Мошинҳои барқи дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон палатаи поёнии парлумон тасмим гирифт, ки бар асоси он воридоти мошинҳои барқӣ ба муддати 10 сол аз пардохти молиёт ва боҷи гумрукӣ озод шудааст. — 14-уми март дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андоз ва гумруки кишвар баррасӣ ва қабул гардид,- хабар медиҳад маркази матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қарор аст, ки бар асоси ин тағйирот воридоти мошинҳои барқӣ, аз ҷумла, мошинҳои барқӣ, автобусҳои электрикӣ, троллейбусҳо ва мошинҳои шабеҳ ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад. Ёдовар мешавем, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21- уми декабр зимни паёмаш ба парлумони кишвар пешниҳод карда буд, ки воридоти мошинҳои барқӣ – мошинҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ, троллейбусҳо аз пардохти андоз ва гумрук комилан озод карда шаванд.
Дар чемпионати Осиё 8 медал ба даст оварданд
Дар кишвари Урдун Чемпионати бокси Осиё миёни наврасону ҷавонон бо ширкати варзишгарони 21 кишвари қора ба анҷом расид. Намояндагони наврасу ҷавони Тоҷикистон дар ҳайати 21 варзишгар аз ин мусобиқа 8 медал ба даст оварданд, ки ду медали нуқра аст. Дар даври финалии мусобиқа варзишгари тоҷик Абдураҳим Ёқубов дар вазни -60 кг муҳориба карда, ҷойи дуюмро ишғол кард. Абдураҳим Ёқубов аз ҳарифи қирғизистониаш Алмаз Орозбеков бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд ва бо медали нуқра иктифо кард. Ин варзишгари тоҷик то ба финал расидан дар се муҳориба муқобили Паочанзуек Фиси аз Тайланд, Рудра Пратап Сингҳ аз Ҳиндустон, Суҳроб Аминов аз Ўзбекистон пирўз шуд. Се варзишгари дигари ҷавони Тоҷикистон — Юсуф Фозилов дар вазни -71 кг, Нурланбек Эрматов дар вазни -75 кг ва Акмалҷон Абдувалиев дар вазни -86 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Наврасони Тоҷикистон низ соҳиби 4 медал шуданд. Анўшервон Фозилов дар вазни -46 кг медали нуқра, Ҳангома Исоева дар вазни -57 кг, Руслан Ғафуров низ дар вазни -57 кг, Рустамҷон Ашўров дар вазни -60 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.