1 милион нафар аз фарбеҳӣ азият мекашад

1 милион нафар аз фарбеҳӣ азият мекашад

1 милион нафар аз фарбеҳӣ азият мекашад

Дар Мачлиси намояндагони Точикистон ахиран раванди иҷрои барномаи пешгирии фарбеҳи ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024 барраси шуд.

 

Дар ин муҳокимаи парлумони вакилон аз тамоюли афзоиши фарбеҳи миёни аҳолии Тоҷикистон изҳори нигарони карданд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурусти тайи 10 соли охир афзоиши фарбеҳи дар тамоми кишварҳо аз ҷумла дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад. Феълан тибқи маълумоти омори бемории фарбеҳи миёни аҳолии кишвар 11,3 дар сад буда барои пешгирии ин раванд барномаи махсус амал мекунад.

Бояд гуфт, ки Созмони чаҳонии беҳдошт фарбеҳиро ҳамчун хамагирии ҷаҳони эълон карда, иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаҳон ҳар сол 2,8 милион нафар бинобар доштани вазни зиёдати ё худ фарбеҳи мефавтанд.

Тибқи маълумоти ин созмон ЧТ дар феҳристи чаҳонии мизони густариши фарбеҳи дар зинаи 128-ум қарор дорад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...