Беҳтарин паҳлавонони Тоҷикистон маълум шуданд

Беҳтарин паҳлавонони Тоҷикистон маълум шуданд

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати куштии Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор шуд.

 

Дар мусобиқа 266 варзишгар (175 нафар дар намуди озод, 91 нафар дар намуди юнонӣ-римӣ) аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ (UWW) аз рӯи 20 вазн (10 вазн дар куштии озод ва 10 вазн дар куштии юнонӣ-римӣ) баргузор шуда, беҳтаринҳо маълум шуданд.

Ҳамин тавр, дар куштии озод дар вазни -57 кг Ҳикматулло Воҳидов, Сунатулло Бобоев, Қаюмҷон Ҳалимов, Ҳусейн Маликов (ҳама аз Душанбе); -61 кг Муҳаммад Икромов, Муҳаммад Наимов (ҳарду аз Душанбе), Фаррух Зоиров (Хатлон), Рустам Иброҳимов (Суғд); -65 кг Абдулмаҷид Кудиев (Душанбе), Фотеҳҷон Олимов (Суғд), Ҷамшед Шарифов, Аҳрор Ёрмуҳаммадов (ҳарду аз Душанбе); -70 кг Мустафо Аҳмадов, Комрон Холов (ҳарду аз Душанбе), Муборак Қурбонбеков (ВМКБ), Саидалӣ Холов (Душанбе); -74 кг Магамет Евлоев, Мадасан Ашрафхонов, Масъуд Давронов, Мусо Эмомов (ҳама аз Душанбе); -79 кг Сомонҷон Икромов, Муҳаммадалӣ Абдуллоев, Асрор Мирхоҷаев (ҳарсе аз Душанбе), Пулодҷон Бурҳонов (Суғд); -86 кг Салимҷон Ҳалимзода, Абдубашир Бобохонов, Шерзод Музафаров, Шуҳрат Бозоров (ҳама аз Душанбе); -92 кг Маҳмадҷон Ализода (Суғд), Беҳрӯз Одинаев (Душанбе), Тутиё Карамхудоев, Наврӯз Назиров (ҳарду аз ВМКБ); -97 кг Раҳмон Маҳмадбеков (Душанбе), Мақсад Мансуров (Суғд), Амирҷон Сангов (Душанбе), Сафар Маҳмадалиев (Хатлон); -125 кг Фарҳод Анақулов (Душанбе), Файзи Файззода (Душанбе), Илҳомхуҷа Мирзохуҷаев (Хатлон), Комрон Маҳмадалиев (Душанбе) беҳтаринҳо дониста шуданд.

Дар куштии юнонӣ-римӣ дар вазни -55 кг Нодир Сангов (Душанбе), Фаридун Тиллоев (Хатлон-2), Суҳроб Алимов (Душанбе), Сомон Бозоров (Хатлон-2); -60 кг Асламҷон Азизов, Абдураҳмон Ҳасанов (ҳарду аз Душанбе), Фирӯзҷон Шарипов, Абубакр Раҳматов (ҳарду аз Хатлон-2); 63 кг Муҳаммад Нурализода, Шоҳрух Маҳкамов (ҳарду аз Душанбе), Алиҷон Раҳимов (Хатлон-2), Муҳаммад Ҳақдодов (Душанбе); -67 кг Фирӯз Мирзораҷабов, Суннатулло Абдуллоев, Амирҳамза Умаров, Мубинҷон Ахмедов (ҳама аз Душанбе); -72 кг Шероз Очилов (Суғд), Исоҷон Нураҳмадзода, Анӯшервон Ҳусейнзода, Алишер Рӯзиматов (ҳама аз Душанбе); -77 кг Ҷасур Аюбов (Суғд), Азизбек Шарифзода, Муслиҳиддин Уроқов (ҳарду аз Душанбе), Абдуллоҷон Куганов (Хатлон); -82 кг Ҳабибҷон Зуҳуров, Азизҷон Абдулҳаев (ҳарду аз Душанбе), Суҳроб Ҳоҷиев (Суғд), Ҷасурбек Раҳматов (Душанбе); -87 кг Саидҷаъфар Ёрзода, Саид Асламов, Беҳрӯз Одинаев (ҳама аз Душанбе), Ҳасанҷон Исломов (Суғд); -97 кг Беҳрӯз Тӯйчиев (Суғд), Азизҷон Зарипов, Мустафо Каримов (ҳарду аз Душанбе), Наврӯз Маҳкамов (Суғд); -130 кг Амирҷон Ҷӯраев (Суғд), Шарифҷон Назриев (Душанбе), Давлатҷон Назриев (Хатлон), Наврӯзҷон Исломов (Суғд) ғолиб дониста шуданд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...