Тағйирот дар қонуни Русия

Тағйирот дар қонуни Русия

Тағйирот дар қонуни Русия

Шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон беэътибор шуд?

 

Дар Русия ба Қонуни федералӣ “Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ” тағйирот ворид гардид ва аз 1-уми апрели соли равон мавриди амал қарор мегирад. Яке аз тағйирот дар ин қонун эътироф нашудани шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байналмилалӣ аст, аз ҷумла шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон.

 

Шаҳодатномаи ронандагӣ дар ҳолатҳои зерин беэътибор мешавад: - пас аз як сол аз лаҳзаи гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё дарёфти шаҳрвандии Русия; - пас аз як сол аз лаҳзаи вуруди соҳиби он барои иқомати доимӣ дар Русия, ки шаҳрванди Русия мебошад. Масалан, агар то 1-уми апрели соли 2024 ронанда беш аз як сол шаҳрванди Русия ҳисобида шаваду бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ воситаи нақлиёташро идора кунад, пас ба ӯ лозим меояд, ки ҳуҷҷаташро фавран иваз намояд. Агар ӯ танҳо як моҳ пеш шаҳрвандӣ гирифта бошад, барои иваз кардан 11 моҳи дигар вақт ҳаст. Истисно танҳо барои шаҳрвандони Беларус пешбинӣ шудааст. Онҳое, ки мошини сабукрав доранду шаҳрванди кишвари дигаранд, бояд дар Сарнозироти бехатарии ҳаракат дар роҳ (ГИБДД) аз назария имтиҳон супоранд. Имтиҳони амалӣ супоридан лозим намеояд. Аммо барои ронандаи автобус, автомашинаҳои боркаш ё қатораҳои воситаҳои нақлиёт ҳатман супоридани имтиҳони амалӣ лозим мешавад. Инчунин, сарфи назар аз категорияҳои шаҳодатнома, аз муоинаи тиббӣ гузаштан муҳим аст. Ронандагоне, ки шаҳодатномаи ронандагиро иваз накарда, ба кор идома медиҳанд, аз 5 то 15 ҳазор рубл ҷарима месупоранд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...