Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов шахсан ба Хайрулло Ибодуллоев соати губернаторӣ ва медали шуҷоат тақдим кард. Маросими расмӣ дар бинои таърихии “Смольный” баргузор шуд.

Ибодуллоев рӯзи 22 феврал ҷони як кӯдаки ҳафтсоларо, ки аз ошёнаи ҳафтуми бино афтоданӣ буд, наҷот дод. Бар асари ҳодиса кӯдак бо шикастани пой ва осеби узвҳои дохилӣ ба бемористон интиқол ёфт. Ӯ ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дошта, ҳарчанд ҳанӯз ба ҳуш наомадааст, табибон вазъи саломатиашро мӯътадил арзёбӣ мекунанд ва ба шифоёбии ӯ хушбинанд.

Худи Ибодуллоев низ ҷароҳат бардошта, дасташ шикаставу чанд дандонаш осеб дидааст. Бо вуҷуди ин, қаҳрамонии ӯ ҷони кӯдакро аз марги эҳтимолӣ наҷот дод.

Пештар ӯ барандаи ҷоизаи ба номи Тигран Кеосаян гардида, як миллион рубли дарёфтнамудаашро ба оилааш дар Узбекистон ирсол кардааст.

Ҳамчунин, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 феврал фармонеро имзо кард, ки тибқи он Хайрулло Ибодуллоев бо медали давлатии «Ҷасорат» барои «шуҷоат, қаҳрамонӣ ва фидокорӣ» қадрдонӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки ӯ чор моҳи охир дар Санкт-Петербург ба ҳайси роҳрӯб кор мекард. Қиссаи далерии ӯ дар ҷомеа вокуниши васеъ ба бор оварда, ҳамчун намунаи инсондӯстӣ ва фидокорӣ истиқбол шуд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...