Маҳфили гиромидошти Рӯдакӣ дар Теҳрон

Маҳфили гиромидошти Рӯдакӣ дар Теҳрон

6- уми январ дар шаҳри Теҳрон барои бузургдошти падари шеъри форсӣ – тоҷикӣ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чорабини таҳти унвони “Бӯи ҷӯи Мӯлиён” баргузор гардид.

Ин чорабини бо ташаббуси Сафортаи Тоҷикистон дар ҶИ Эрон ва Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ ва «Бунёди Рӯдакӣ»-и Эрон доир гардид. Дар ин чорабини чеҳраҳои фарҳангии ҳарду кишавар иштирок карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба мақоми устод Рӯдакӣ ба унвони «падари шеъри форсӣ-тоҷик» иброз дошт, ки устод Рӯдакӣ нахустин ва бузургтарин шоири порсигӯ буд, ки бо халлоқият ва нубуғи шоиронааш барои ташаккул ва равнақи шеъри форсизабон хизмати беназир кард. Ӯ иқтидори забони тоҷикӣ — форсӣ – дариро ба унвони забони шеър пас аз ду қарни тасаллути забони арабӣ дар паҳнаи шеъру адаби Эронзамин ба таври комил ба намоиш гузошт.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...