Путин: Муҳоҷирро касе ҳақ надорад то охири сентябр аз Россия ронад

Путин: Муҳоҷирро касе ҳақ надорад то охири сентябр аз Россия ронад
90 рӯзи дигар мақомот ҳақ надоранд, муҳоҷиронро аз қалмарави Россия берун ё ихроҷ кунанд ва дар бораи манъи вуруди муҳоҷирон ба қаламрави ин кишвар қарор қабул намоянд.

Бар асоси амри Путин, дар сурати вайрон накардани қонунҳои Россия муҳоҷироне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, то охири моҳи сентябр депорт ё ихроҷ намешаванд. Агар онҳо қонуншикание дар гузашта карда бошанд, барои он ҷарима мешаванд. Давоми ин 90 рӯз онҳо бояд санадҳои худро дуруст ва кору зиндагиашонро қонунӣ кунанд. Пештар ба муҳоҷирон то 15-уми июни имсол чунин муҳлат дода буданд. Вадим Коженов, роҳбари Федератсияи муҳоҷирон дар Россия рӯзи 15-уми июн дар шарҳи ин амри раисҷумҳури Россия гуфт, мувофиқи он давоми Ҳамчунон ба гуфтаи Коженов, ин амр барои афви муҳоҷирони дар Россия қарордошта заминаи ҳуқуқи фароҳам меорад. “Яъне агар шумо 6-7 сол дар Россия ғайриқонунӣ қарор доштед, ҳақ доред ба идораи пулис муроҷиат кунед ва агар ҳуқуқвайронкуние доштед, шуморо ҷарима мекунанд. Вале бо пардохти ҷарима шумо ҳақ пайдо мекунед, ки санадҳои худро аз нав дуруст кунед ва ҳузури қонунӣ дар Россия дошта бошед. Ман ба шумо тавсия медиҳам, ки аз 1-уми июл ба идораҳои пулис муроҷиат карда, будубоши худро қонунӣ кунед. Мунтазири 30-уми сентябр нанишинед”,–гуфт ӯ.

Дар хабари дафтари матбуоти ҳукумати Россия гуфта шудааст, ки то он замон мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарорҳои ихроҷи маҷбурӣ содир намешавад. Қарори пешин 15-уми июн ба охир расид ва ин мояи ташвишу нигаронии садҳо ҳазор муҳоҷирони корӣ гардид, ки то нимаи июн натавонистанд, аз қайди нави мақомоти Россия гузаранд. Навбатпоиву талотуми зиёд дар назди муассисаҳои бақайдгирии расмии муҳоҷирон яке аз хабарҳои доғи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Дар шарҳи қарор мақомоти рус гуфтанд, ки бино ба идомаёбии маҳдудиятҳои давраи пандемия, набуди парвозҳои мунтазам ба кишварҳои хориҷӣ ва дигар масъалаҳо қарор шуд, ки мӯҳлати бақайдгирӣ 90 рӯзи дигар тамдид шавад. Онҳое, ки натавонистанд ҳузури худро дар Россия ба расмият дароранд, акнун то 30-юми сентябр метавонанд ин корро анҷом диҳанд.

Пресса тж

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...