Тоҷик президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ дар соли 2025 интихоб шуд

Тоҷик президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ дар соли 2025 интихоб шуд

Шӯрои иҷроияи Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид - ЮНИСЕФ-ро дар соли 2025 ҷавонмарди бофарҳанги тоҷик Ҷонибек Ҳикмат сарварӣ мекунад.

 

Ба иттилои намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Ҷонибек Ҳикмат - намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб шудааст. Ҷонибек Ҳикмат хатмкардаи Eastern Mediterranean University-и Кипр буда, солҳои 2010-2014 ба ҳайси котиби дуюм дар Сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Британияи Кабир фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2019 ба сифати котиби аввал ва мушовир дар намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид кор мекард. Соли 2021 бо фармони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъин шуда буд. Ба ҳайси сарвари ин созмони бонуфуз интихоб шудани Ҷонибек Ҳикмат имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалӣ барои беҳтарсозии шароити зисту зиндагии кӯдакон дар сайёра фаъолона ширкат варзад.

 

«Фирӯза Саттори»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...