Муҳоҷиронро барои ҳазориспанд дар Русия суд ё депортатсия мекунанд?

Муҳоҷиронро барои ҳазориспанд дар Русия суд ё депортатсия мекунанд?  

Муҳоҷиронро барои ҳазориспанд дар Русия суд ё депортатсия мекунанд?

Маркази захиравии муҳо-ҷирон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳушдор додааст, ки аз бо худ бурдани ҳазориспанд ба Русия худдорӣ намоянд, зеро тибқи қонунгузории Федератсияи Русия ҳазориспанд ба рӯйхати гиёҳҳои дорои моддаҳои нашъаовар дохил карда шуда, истифода ва интиқоли он боиси ҷавобгарӣ хоҳад гашт. Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2024 дар Русия ҳазориспанд ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид карда шуда, нигоҳдорӣ, истифода ва интиқоли он қонунан манъ шуд. Тибқи моддаи 231-и Кодекси ҷиноятии Русия барои харидуфурӯши ғайриқонунии ҳазориспанд ва интиқоли он то як миллион рубли русӣ ҷарима ва ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Шаҳрвандони хориҷиро барои бо худ ба Русия бурдани ин растанӣ аз қаламрави Русия ихроҷ - депортатсия карда метавонанд. 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...