Кореяи Ҷанубӣ барои сохтани метро дар Душанбе 200 ҳазор доллар ҷудо кард

Кореяи Ҷанубӣ барои сохтани метро дар Душанбе 200 ҳазор доллар ҷудо кард

Кореяи Ҷанубӣ барои сохтани метро дар Душанбе 200 ҳазор доллар ҷудо кард

Дар шаҳри Душанбе бо истифода аз системаи метрои сабуки баландсуръат (Light Rail Transit) метрои рӯизаминӣ сохта мешавад.

 

Сохтмони метро аз дарвозаи ҷанубии пойтахт то бинои Сирки давлатӣ ба нақша гирифта шудааст ва масофаи 10,5 километрро ташкил медиҳад. Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Кореяи Ҷанубӣ барои маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва арзёбии техникиву иқтисодии сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук созишнома ба имзо расид.

Санадро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи Бонки Кореяи Ҷанубӣ Квон Биеонг имзо карданд. Мувофиқи созишномаи мазкур Кореяи Ҷанубӣ уҳдадор шуд, ки барои хидматрасонии дурусти метро мутахассисони маҳаллиро тайёр кунад. Тибқи созишнома то охири сол 7 нафар мутахассисон дар ин самт бояд омода карда шаванд. “Эксимбонк”-и Кореяи Ҷанубӣ барои баргузории корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо кардааст.

 

 

«Мунаввара Аслонзода» (Оила.тж)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...