Ташрифи сайёҳон ба шаҳри Исфара

Ташрифи сайёҳон ба шаҳри Исфара

Ташрифи сайёҳон ба шаҳри Исфара

Давоми шаш моҳи аввали соли равон 12676 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ аз шаҳру деҳоти Исфара дидан намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра сайёҳон асосан ба маконҳои таърихию фарҳангии «Ҳазрати Шоҳ», «Лангари моҳиён», «Қалъаи сурх», «Шимурғонбобо», мадрасаи Абдуллохон, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаҳои ба номи А. Атобоев, ба номи Лутфулло Бузургзода, боғи истироҳатию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва маркази истироҳатии «Ҷаҳони нав» ташриф овардаанд.

Инчунин, сафи бештари меҳмононро, ки ба Осоишгоҳи «Зумрад» ташриф овардаанд, сайёҳони табобатӣ ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи сайёҳон асосан ба сайёҳии солимгардонӣ, табобатӣ, пиёдагардӣ, агросайёҳӣ, саноатӣ, велотуризм ва мототуризм нигаронида шудааст.

– Маврид ба зикр аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад,– меафзояд манбаъ.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...