Русҳо барои саёҳат ба Тоҷикистон меоянд!

Русҳо барои саёҳат ба Тоҷикистон меоянд!

Ба таваҷҷуҳи раиси Кумитаи сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода. Аз сабаби ҷанги Русия бо Украина кишварҳои Ғарб сарҳадҳояшонро барои шаҳрвандони Русия бастаанд. Бинобар ин, русҳо маҷбуранд, ки имсол ба кишварҳои узви ИДМ рафта, истироҳат кунанд. Дирӯз тариқи телевизиони Русия тамошо кардам, ки бештари русҳо нияти саёҳатро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон доранд.

Дар моҳи май ба парвозҳо аз Маскав ба Ереван ва Истанбул ва Дубай бештар талабот доштаанд, вале ин барои сарватмандони Русия. Аҳолии миёнсоли ин кишвар бошанд, барои истироҳат Тошканд, Душанбеву Хуҷанд, Бишкек, Алмаато, Кишинёв, Минск, Тифлис, Самарқандро интихоб мекардаанд. Ман ин ҳарфҳоро аз пеши худам намегӯям, балки аз телевизиони Русия тамомшо кардам.

Имсол пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби бошандагони Санкт-Петербург барои сафар ба як макони маъмул табдил мешавад.

Маконҳои тамошобоби сайёҳии кишвари мо, барои мисол “Искандаркӯл”, “Ҳафткӯл”, “Сарез” ва ғайраҳо роҳ доранд, ки сайёҳон роҳат аз ин минтақаҳо дидан кунанд.

АБДУРАСУЛ РАҲМОНОВ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...