Нархи патент зиёд мешавад?

Нархи патент зиёд мешавад?

Нархи патент зиёд мешавад?

Аз Соли Нав нияти сафар ба Русияро дорам. Бародарам мегӯяд, ки нархи патент барои муҳоҷирони корӣ дар Москва зиёд мешавад, вале дар ин бора ахбори муътамад наёфтам. Мехоҳам дар ин маврид равшанӣ андозед.

- Дар соли 2023 нархи патент (иҷозатномаи корӣ) барои муҳоҷироне, ки дар Москва кор мекунанд, то ба 6600 рубл меафзояд. Дар ин бора Даря Мурченко, муовини сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди Маскав, сардори шуъбаи таҳлили андоз дар як нишасти Думаи шаҳри Маскав хабар додааст. “Дар соли 2022 маоши расмии муҳоҷирони корӣ дар фаъолияти ҳамешагии онҳо 11,5% афзоиш ёфтааст. Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки арзиши патент мутаносибан дар як моҳ то 6600 рубл зиёд карда шавад”,- шарҳ дод Мурченко. Имсол нархи патент дар шаҳри Москва барои хориҷиён моҳона 5900 рубл арзиш дошт. Гуфта мешавад, ки афзоиши арзиши патент ҳаҷми даромади пойтахти Федератсияи Русияро 3 миллиард рубл зиёд мекунад. Маблағи патент пурра ба буҷаи Масква меравад. Қаблан мақомоти чанд минтақаи дигари Русия аз болоравии нархи патент дар соли 2023 хабар дода буданд. Масалан, дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград арзиши он аз 4200 то 4400 рубл дар як моҳ афзоиш хоҳад ёфт. Хориҷиёне, ки дар вилояти Самара кор мекунанд, бояд аз соли оянда 5720 рубл падохт кунанд, дар ҳоле, ки арзиши он ҳоло 4419 рубл аст.

Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Санади мазкур ахиран пас аз вохӯрии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ бо муовини директори генералии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД-и Русия ба имзо расидааст.

Зикр гардидааст, ки таъсиси намояндагии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, ки ин вохӯрӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ барои баррасии имкониятҳои таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” баргузор шудааст. Инчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷониба байни Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар” дар шаҳри Душанбе, “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” баррасӣ гардидаанд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...