Аҳолии сайёра ба 8 млрд расид

Аҳолии сайёра ба 8 млрд расид

Ҳаштмиллиардумин одами сайёраи Замин - духтарча Арпи дар Арманистон таваллуд шуд. Ӯ дар шаҳри Мартуни вилояти Гегаркуники Арманистон ба дунё омад. Дар ин бора Карен Саркисян, раиси вилояти Гегаркуник рӯзи сешанбе дар саҳифаи худ навишт. Тибқи маълумоти СММ, дар 12 сол шумораи аҳолии ҷаҳон 1 миллиард нафар афзудааст. Аз ҳама бештар дар Осиё ва Африқо. Пештозҳо Чин ва Ҳиндустон мебошанд - ҳар кадом тақрибан 1,5 миллиард нафар. Мувофиқигузориш и СММ, соли 2040 аҳолии сайёра ба 9 млрд нафар мерасад. Тайи 200 соли ахир шумори аҳолии сайёра 8 баробар зиёд шудааст. Агар аввали солҳои 1900-ум дар сайёраи Замин 1,6 млрд нафар одамон зиндагӣ мекарданд, пас соли 2000-ум аллакай ба 6 млрд нафар расидаанд.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...