Нархи патент дар Русия боз қиммат мешавад

Нархи патент дар Русия боз қиммат мешавад

Нархи патент дар Русия боз қиммат мешавад

Нархи патент барои муҳоҷирон дар шаҳри Москва соли 2025 тақрибан 20% зиёд шуда, ба 8900 рубл мерасад.

 

Дар ин бора шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар дод.

Ба гуфтаи Собянин, арзиши андозҳое, ки муҳоҷирон пардохт мекунанд, бояд бо маблағе, ки худи русҳо аз даромадашон мепардозанд, муқоиса шавад, то баробарӣ риоя карда шавад.

“Имрӯз пардохти моҳонаи патент 7500 рублро ташкил медиҳад, аммо аз 1 январ он 8900 рубл мешавад”, — гуфтааст шаҳрдори Москва.

Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир имкон медиҳад, ки хароҷоти корфармоён барои муҳоҷирон ва шаҳрвандони Русия баробар шавад.

Гуфта мешавад, ки аз соли нав арзиши патент тақрибан дар ҳамаи минтақаҳои Русия боло меравад. Аз ҷумла, дар Санкт-Петербург арзиши патент аз 4600 то 6 ҳазор рубл дар як моҳ зиёд мешавад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...