АХБОР

АХБОР

Иди саиди Фитр Муборак бошад, дӯстони азиз!

Муфтӣ, раиси Шӯрои олимони Ҷумҳурии Доғистон Шайх Аҳмад-Пир руҳониёни кишварро бо фарорасии Иди ал-Фитр табрик гуфт

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Бародар ва хоҳарони азиз! Самимона ва бо дили гарм шукргузориву миннатдории бепоён аз Худои меҳрубон карда, дуруди хешро ба Шумои азиз расонданиям. Аз Аллоҳи Зулҷалол шукргузорам, ки мову шуморо имконияти дидани моҳи мубораки Рамазонро ато фармуд. Дар ин моҳи шариф амалҳои солеҳро анҷом дода, акнун дар остонаи ҷашнгирии Ид ал-Фитр қарор дорем. Боз ҳам, миннатдор аз онам, ки Офаридгор ба мо имконияти ифтори дастаҷамъона, додани садақа ва хондани намози таровеҳро муяссар гардонид. Соли гузашта мо аз чунин имтиёзи Парвардигор маҳрум будем. Ҳоло шукргузорӣ дорем, ки имсол ба ин рӯзи муборак моро расонд.

Шабу рӯз минтадории бепоён ба Ҷонофарини меҳрубон изҳор намуда, аз шумои муҳтарам даъват мекунам, ки минбаъд низ давомдиҳандаи амалҳои солеҳ ва он чиро дар моҳи мубораки Рамазон аз қабили хондани Қуръон, кумаку дастгирии наздикон, садақаву закотро кардаед, давом диҳед. Аз Аллоҳи мутаъол хоҳонам, ки ба якояки Шумо мағфирати гуноҳ, қуввату нерӯйи тоза ва сабру таҳаммул ато фармояд. Ҳаргиз, дигар ба амалҳои ношойиставу номатлуб барнагардем, зеро моҳияти ид нигаҳ доштани робитаву ришта бо Офаридгор ва дурӣ ҷустан аз ғазаби Худованд аст. Хушбахтии ҳақиқиро онҳое, сазовор мешаванд, ки дар роҳи зиндагии худ танҳо пайгири суннати Пайгамбар e ва риоягари навиштаҷоти китоби мубини Куръон ҳастанд. Аз самими қалб хоҳони қабули амалҳои солеҳ, рӯзаву намоз, садақаву закот ва он амалҳое, ки сидқан аз барои розигии Аллоҳи Бузург субҳонаҳу ва таъоло кардаи хоҳару бародарони азиз ҳастам. Бигзор Худованди меҳрубон ба Шумо ва онҳое, ки нияти нек доштанд, вале бо сабабе анҷом дода натавонистанд, низ мукофоту подоши чандкаратаро ато намояд. Ба ҳамаи Шумо раҳмати Офаридгор, тандурустӣ, некӣ ва беҳтарин неъмати ду ҷаҳонро таманно дорам. Омин.

Сафири тоҷик бо амири Макка мулоқот кард

Аз намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар омад, ки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амири шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ дар мавзуъи ҳамкориҳои судманди дуҷониба мулоқот доштанд. Рӯзи 21 феврали соли равон дар шаҳри Ҷидда вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Амири минтақаи Маккаи мукаррамаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Холид Ал-Файсал ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид. Вохӯрии мавсуф давоми мулоқоти сарони ду давлати Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мебошад, ки чанде пеш шуда буд. Масъалаи муҳим, кушодани мавсими сафари шаҳрвандон барои ҳаҷи умра мебошад. Дар ин бора, Саъдулло Қурбонов, раҳбари ширкати «Расул», иброз кардааст, ки то ҳол барои зойирини тоҷик шароити ба Арабистони Саудӣ рафтан нест. Дар Арабистон бошад, баъди поёни бемории ҳамагирӣ мавсими ҳаҷи умраро оғоз карданд, лекин то ҳол барои шаҳрвандони тоҷик иҷозаи рафтан нест.

Ширкатҳои саёҳӣ пеш аз ҳамагирӣ барои ба ҳаҷ рафтан ҳуҷҷати шаҳрвандонро бо талаботи пештара аз қайд гузаронида буданд, ки ҳолати нави ҳамагирӣ эълон шуда, тарзи пешниҳоди ҳуҷҷатро тамоман дигар кардаанд. Акнун вазъият иҷозат медиҳад, ки аҳли мусалмон барои ҳаҷ кардан иҷоза дода шавад. Ҳамагон аз роҳбарияти Тоҷикистон ва Арабистон хоҳиш доранд, ки зудтар роҳи ҳавойиро кушоянд, ки барои аз қайди ду кишвар гузаштан вақт кифоя кунад. Қобилияти сохторҳои Арабистон дар қабули шаҳрвандони хориҷӣ 20 ҳазор дар 1 шабонарӯз буда, ҷамъ дар 1 замон то 60 ҳазор метавонанд дар Макка намозгузорӣ кунад.

Колоколтсев муҳоҷиронро даъват кард

Вазир аз муҳоҷирон даъват кард, ки ба шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалли ҷойгиршавии худ муроҷиат кунанд, то вазъи ҳуқуқиро бидуни татбиқи таҳримҳо ҳал кунад. Вазорати корҳои дохилии Россия муроҷиати расмии раҳбари ин ниҳод генерали полис Владимир Колоколтсевро нашр кард. Дар муроҷиатнома қайд мешавад, ки Вазорати корҳои дохилӣ саъй менамояд, ки хориҷиён бо ҷойҳои корӣ дар сохтмон, манзил ва коммуналӣ ва кишоварзӣ таъмин карда шаванд.

Вазир инчунин муҳоҷиронро даъват кард, ки ба шӯъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар маҳалли ҷойгиршавии худ муроҷиат кунанд, то вазъи ҳуқуқиро бидуни татбиқи таҳримҳо ҳал кунад. «Вобаста ба чунин шаҳрвандон ва аъзои оилаи онҳо, қарор дар бораи тамдиди мӯҳлати будубоши муваққатӣ, бақайдгирӣ дар ҷои будубош ва иҷозатномаҳои мувофиқ тартиб дода мешавад», - омадааст дар хабар. Чунин изҳоротро сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Россия генерал-майор Валентина Казакова низ қаблан гуфта буд. Казакова гуфт, маркази муҳоҷиратро дар Тоҷикистон кӣ таъсис медиҳад ва ҳадаф чист. «Мо шуморо даъват мекунем, ки аз ин имконият истифода баред, аз баромадан аз соя натарсед, ба шӯъба биёед», - даъват кард вай дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе.

Кӯчидан аз Тоҷикистон ба Россия осон мешавад

Россия тасмим дорад дар вилояти Суғд намояндагии мақомоти муҳоҷиратро, ки ба кӯчидани оилаҳо аз Тоҷикистон ба Россия машғул мешавад, ифтитоҳ кунад. Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия Валентина Казакова зимни нишасати матбуотӣ гуфт, ки масъалаи ифтитоҳи намояндагии мақомоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Вай гуфт, ки ба мардуми Тоҷикистон барномаи кӯмак ба кӯчидани ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ бисёр писанд омадааст ва мардум зиёде аллакай аз он истифода намудаанд. “Мо ҳангоми боздид аз намояндагии худ дар Тоҷикистон бо мардум суҳбат доштем. Аксари мардуме, ки мехоҳанд аз ин барнома истифода намоянд, нафарони дорои маълумоти олӣ ва мутахассисони баланд ихтисос мебошанд. Онҳо мехоҳанд шаҳрванди Россия шаванду ба кишвари ман фоидае биёранд”, - зикр кард Валентина Казакова.

Ба ҳамин хотир ман бар онам, ки масъалаи ифтитоҳи намояндагии мақомоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Россия тасмим дорад, ки бақайдгирии муҳоҷиронро осонтар кунад Дар давоми соли 2020 - 63,4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Россияро қабул карданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи шумораи гирандагони шиносномаи русӣ дар ҷои дуввум қарор доранд. 9,7 дарсад, ё 63,4 ҳазор нафар соли гузашта шаҳрванди Россия шуданд. Қобили зикр аст, ки Россия дар соли 2020 дар додани шаҳрвандӣ ба хориҷиён рекорд гузошт - соли гузашта беш аз 650 ҳазор нафар шаҳрвандони Россия шуданд.

Сарчашма: «Спутник»

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...